ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва Амир, ки дар қаср набуд, арзи даъвогаронро бо маслиҳати Қозикалон, Қушбегӣ гӯш кард. Вай ба назди балвогарон набаромад, ва ба одамонаш фармуд:
– Ду–се даҳонкалони онҳоро даъват кунед!
Ва одамони Қушбегӣ берун баромаданду овоз доданд:
– Вакил интихоб кунед. Вакилонро Қушбегӣ қабул мекунанд.
Даъвогарон машварат оростанд ва ваколат доданд ба онҳое, ки эътимод доштанд; ва он вакилон рафтанд ба қабули Қушбегӣ, ва Қушбегӣ ба онҳо дастур дод:
– Садқаи як тори мӯйи Амирам шаванд онҳо! Ба Мулло Абдураҳмон расонед:
– Балвойи мадрасаҳоро хобонанд.
Ба шахси Раис зараре нарасонанд, ки боиси малоли хотири Амирам мешавад. Раисро русҳо ҳимоя мекунанд ва бадие ба ӯ расад, бадие ба нисбати русҳост, ва ҳар бадие аз русҳо зикр шавад, ба амирам хуш намеояд.
Қурбонмуроди муфтӣ мулҳид аст. Дар ҳар ҷое, ки ёбед, ба сазо расонед. Ва он кофирро, ҳар касе, дар ҷое, ки ёбад, дар ҳамон ҷо ҷазояшро диҳад, ҷояш, бешак, ҷаннат мешавад!..
Ва дар шаҳр, хоса дар мадрасаҳо, диндорони ғаюри бисёре дасту оринҷ барзаданд, ки муфтии палидро ёбанду ба сараш, лоақал, як санг бизананд, ва савоби ду дунёро бигиранд…
Ва ҳарчанд ки ҷустанд, наёфтанд.
2 Чиҳилу панҷ сол шуд, ки Бухоро аз Самарқанд ҷудо буд – Бухоро гӯё ба сари худ, вале дар назорати Русия, ва Самарқанд дар тасарруф ва мустамликаи давлати пуршавкати Рус.
Ва ҳамаи ин солҳо, ба монанди солҳову асрҳои гузашта, амиру вазиру раису қозие, ки дар Аморати Бухоро ҳукм меронданду ҳукм меронанд, ба маънойи давлат ва давлатдорӣ дуруст сарфаҳм нарафтанд, – ва ободии мулк дар фаҳмиши онҳо ободии ҳавлиашон буд; ва рӯдҳо аз куҷо мегузаранд ва роҳҳо чӣ ҳол доранд, ва замин кай ҳосили хуб медиҳад, намедонистанду намедонанд; ва ҳикмати давлатдорие, ки медонистанду медонанд, гирифтан буду додан не ва даъво буду кардан не, ва хӯрдан буду хондан не, ва кушиш буду пурсиш не, ва кор фармудан буду музд додан не…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё