ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Аммо дар Самарқанд ҳамаи ин солҳо ба солҳову асрҳойи гузашта монанд набуд – як тартиби нави давлатдорӣ ва як диду фаҳми нави зиндагӣ ва як талоши нав барои сарватҷӯию сарватёбӣ рӯйи кор омад; дар ин ҷо, аз номи императори Вся Русия, генерал–губернатор ҳукм меронд ва ба маънойи давлату давлатдорӣ хело хуб сарфаҳм мерафт, ва ободии мулкро дар ёфтану сохтан медид, ва рӯдҳо аз куҷоҳо меоянду ба куҷоҳо мераванд, таҳқиқ мекарду медонист, ва аз ҳоли роҳҳо бохабар буду роҳҳои нав мекушод, ва ба замин техника медаровард, ва ҳарчи бигирад, муздашро медод, ва аввал мепурсиду баъд сазо муайян мекард, ва ҳам мехӯронду ҳам мехононд…
Рӯзгори наве сар шуда буд дар ин ҷо; ва чиҳилу панҷ сол пеш пулемётҳоро аз сари манору боми масҷидҳо ба поён, ба замин, фуроварда буданд, ва дар ин солҳо, андаруну беруни шаҳр, казармаҳо ва майдони машқ ва табобатхонаҳо сохтанд барои аскарҳо, ки меъмории нав дошт ва ҳаваси мардум меомад; ва суд метавонист ҳукми қозиро бекор бикунад, ва ин як ҳодисае буд, ки одамон медиданду бовар намекарданд; ва мактабҳои нав таъсис дод ва дар ин мактабҳо ба ду забон, ба забони тоҷикӣ ва ба забони русӣ, дарс медоданд, ва талабаҳо аз илмҳои таърих, ҷуғрофия ва ҳисоб дарс мехонданд, ва барои ин корашон муаллим ва талабаро касе таъқиб намекард, чунонки дар Бухоро таъқиб мекарданд ва мактабро мебастанд, ва ин воқеъият як афсона барин менамуд ба мардум…
Ва шаҳр сохтанд барои худашон, ва акнун Самарқанд аз ду шаҳр иборат буд, – шаҳри куҳна ва шаҳри нав. Кӯчаҳои шаҳри нав, ба монанди кӯчаҳойи шаҳри куҳна, каҷмакаҷу пурхоку танг не, балки ҷадвал кашидагӣ барин рост, васеъ ва сангфарш буд, ва роҳи аробагард ҷудову роҳи пиёдагард ҷудо, ва тангкӯчаи сарбаста надошт; ва иморатҳойи ду канори кӯча он қадар баланд, равшан ва паҳн, васеъ ва хушсохт ва мустаҳкам, ки биноҳойи урфии шаҳри куҳна, дар муқоиса бо онҳо, пастак, торик ва танг ва бетартиб ва безеб ва амонат барин менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё