Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

набаромаданд, толибилмҳо ба дарс наомаданд, дар бозор нарх боло баромад; ва аз тӯдаҳое, ки дар ҳар ҷо ғун омада буданд, як тӯда супориш гирифт, ки ба дарвозаи Арк раванд, ва аз амиру вазир талаб бикунанд, ки:
– Ба Раиси шиъа ва муфтии куфргӯ чора мебинед ё не?!
Агар чора набинед, худамон ҳисобашонро меёбем!
Амир дар Арк набуд. Вай дар чорбоғи Ширбадан дам мегирифт. Агар дар Арк ҳам мебуд, ба назди ин тӯда намебаромад – аз ҷонаш метарсид; ва дар чунин мавридҳо ҳалли мушкиларо ба Қушбегӣ ва ё Қозикалон ҳавола мекард. Ва Қушбегиву Қозикалон дар рӯйи Амир ӯро «Сояи Худо дар замин» мегуфтанд, ва ба хилват раванд «Кундаи ҷувоз» ном мегирифтанд. Ва худҳошон дар паноҳи ин соя ба сари хосу ъоми мулк ҳукми раво доштанд, ва аз такия ба ин кунда манфиати зиёде мебардоштанд, – ба Соя хушомад мезаданд, ки «мо ғуломони даргоҳи олӣ ҳастем. Ҳарчи Ҷаноби олӣ фармоянд, ҳамонро мекунем.» Ба Кунда нигариста, мансабҳойи давлатиро мехариданду мефурӯхтанд; ва аз хешу таборашон як нафар мардинаи бемансаб ёфт намешуд; ва заминҳойи ҳосилхезу боғҳои серобро арзонакак баҳо мемонданд, ва ба зӯрӣ кашида мегирифтанд; ва шахсе, ки ба назарашон нофорам намояд, алалхусус, ба ақлу фаросаташон қойил набошаду эроде бигирад, саду як баҳона ёфта, – фатвойи нодуруст дод, куфр гуфт, тасбеҳ нагардонд, калимаи шаҳодатро намедонад, ба намози ҷумъа наомад, закот надод…, – хонахароб ва бадарға ва сангсор мекарданд.
Ва алҳол маврид ба муроди онҳо буд, – Раиси нав гапашонро намегирифт, ва Қурбонмуроди муфтӣ донишашонро писанд намекард…
Ва онҳо дар хилват машварат карданд, ки «Аз балво ба Кундаи ҷувоз хабар намедиҳем, – айшаш талх нашавад, ба фисқу фуҷураш ғӯтида гардад. Вай медонистагии худашро кунад, мо медонистагии худамонро мекунем».
Ва бо маслиҳат медонистагии худашонро карданд:
Дар берун ғавғо ором намешуд, ва ғавғогарон таги дарвозаи Арк, ба дарбонҳо дӯғ мезаданд, ки «ё монед, ба дарун дароем ва арзамонро ба Амир гӯем, ё Амир ба берун барояд ва арзи моро гӯш кунад».

пешина
аз 435
навбатӣ