Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Рӯзимурод, баъди бозгашт аз болооб ба Самарқанд, сарбории кори тарҷумонӣ, рӯзномаи сафарро, ки ишораҳойи мухтасар дар варақҳои пароканда буд, муфассалу мусавада мекард. Дасташ менавишт, ки «мардум генералро бо нону намак истиқбол карданд», ва аз дилаш мегузашт, ки «мардум нангу номус надоранд, мунофиқӣ мекунанд». Ва дасташ ҷудо кор мекарду дилаш ҷудо, – дасташ ба муроди дили хӯҷаинаш, ки мансаб ва мартаба ва мақом додааст, дилаш ба дарде, ки роҳ ба манзили ободӣ, барои ин ватани вайрона ва халқи кулфатзада, кадом бошад?!

4 Дар аморати Бухоро ду гавҳари ноёб қадру қимат надошт – Одам ва Китоб.
Тақдири Одам ба хости Худо ҳавола буд, ва ҳама неку бади рафтору кирдори шоҳу гадоро бори гардани раҳмону шайтон мекарданд; ва худи Одам мақсаду мақоме надошт ва ҳурмат ва некӣ ва ростӣ, кайҳо боз, дусад сол пеш, аз забонҳо афтода ва аз муомила баромада, ба қатори орзуҳойи дерин ва хаёлҳои ширин даромада буд, ва Амиру Вазир дар симойи Одам фақат ва фақат ғуломи дари хонаи худро медиданд, ва Одаме, ки асолати одамӣ дорад, сар бардораду овоз барорад, ки «ҳой мардум, Шумо Одамед, Одам будани худро фаромӯш накунед!», на ба гӯши Хоҷа медаромад ва на ба гӯши хизматгор, – на ба ин тараф таъсире дошт, ва на ба он тараф, ва ҳар ду тараф, чун одамони хуб ва ғамхору ғамшарик, бо таассуф оҳ мекашиданд, ки «ҳайфи одам!

пешина
аз 435
навбатӣ