Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тарсондан даркор, ки дигару дубора сар боло накунанд!!!»
Генералҳо Черняев ва Романовский ва Кауфман дар хоки Осиёи Миёна хунҳойи зиёде рехтанду резониданд, ва ободиҳойи зиёдеро вайрон ва полезу боғи зиёдеро помол карданд; ва панҷ солу даҳ сол ҷангиданду ҷон коҳониданду ҷон канданд, то бутун– бутун вилоятҳойи ин кишвар таслим шуду ба давлати Русия пайваст, ва заминҳойи карту ҳосилхез, ва дасти кории муфт, аз даштҳойи паҳновари Сарой то ба доманакӯҳҳойи Хуҷанд, аз биёбонҳойи хушки Туркмон, то ба киштҳойи чор фасли соли Миёнкол, ба тасарруфашон даромад; аммо генерал–майор Абрамов, бо таъсири ташвиқот ва тарғибот, ки ҳам даҳонӣ ва ҳам дар амал сурат мегирифт, ҳамагӣ дар муддати чилу панҷ рӯз ва як ҷангчаи сесоата, ва ба коми оташ додани қалъаҳойи мирнишини Киштуд ва Моғиён ва Китоб, дар ҳисоботаш ба Императори Аъзам, бо ифтихор навишт: «раҳу рӯйи як кӯҳистони сахт, пуршикасту рез ва бадроҳу душворгузарро дидему омӯхтем; ва дар ҳар кунҷу дара як мир ҳукмраво будааст, ки барҳамаш додем – ба итоат даровардем, ва ба ном бекигариҳойи Фалғар, Масчо, Фон, Киштуд, Моғиён, Фороб ва Китоб, ба шӯъбаи Самарқанд дохил кардем, ки обҳои равони фаровон ва маъданҳойи муфиди фаровон ва қувваи кори арзону фаровон дорад; ва ба водии Ҳисор роҳ кушода шуд».
Ва дар водии Ҳисор қофилаи илмии Иван Иванович, аз Самарқанд то лаби рӯди Кофарниҳон, сурат кашиду сурат гирифт, ва роҳи хаму печаш, ва деҳоту аҳолиаш, ва замини кишту чарогоҳаш, ва пулу гузаргоҳашро ба харита даровард; ва як афсар, ки бо либоси харкор мегашт, бо баҳонаи чиндани барги растаниҳо, ба дараи Алмосӣ рафту се рӯз меҳмон шуд; ва як урусеро, ки дар ҷанги Русу Туркия асир афтода ва дар бозори Хоразм ҳамчун ғулом фурӯхтаанд, ва ӯро аввал ба Тирмиз овардаанд, ва аз он ҷо ҳисорие харидааст, ва хислати хубашро дида, ӯро аз ғуломӣ озод намудааст, ва дасташро ҳалол кардааст, ва ӯ калимаи шаҳодат гардонида мусулмон шудааст, ва Абдулло ном гирифтааст, ба ӯ зан додаанд, ва ҳоло дар як деҳаи Алмосӣ мезистааст, ҷустуҷӯ карда ёфт, ва дар хилват ба ӯ аз фатҳу зафарҳойи Русияи оламгир сӯҳбатҳо кард, ва ба ӯ супоришҳо дод, ки «ҳар хабаре аз ту ба мо расад, ба фойдаи шамшери буройи Русияи пуршавкат аст».

пешина
аз 435
навбатӣ