Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале давлатҳойи муқтадири ҷаҳон ҳанӯз ин ғалабаи шамшери Русияро чандон эътироф намекарданд ва як тасодуфе медонистанд, ки бунёди мустаҳкам надорад. Ин ақидаро шикастан лозим буд, ва Императори Аъзам биталабид, ки Амир ба Петербург биёяд ва бо ҳузури худ ба оламиён собит бикунад, ки воқеан ҳам дастнишонда ва дастнигар аст.
Ва Амир ба сафар тайёрӣ дид, – ба маблағи чилу панҷ миллион пули русӣ тӯҳфаю дастовез харид, ва бо чанд нафар мансабдор, ки хирадмандони дарбор ба ҳисоб мерафтанд, машваратҳойи хоса орост аз одоби сафорат, то Императори Аъзам бинаду бидонад, ки «ин мардум аз саҳро наомадаанд».
Ва Шайхулислом маслиҳат дод:
– Амири Бухоро амири Қӯқанд нест. Савлат нишон диҳед, то ба урусо маълум шавад, ки Бухорои Шариф қуввати ислому дин аст. Муаллими ақсойи шарқ аст. Бухоро набошад, шарқ футур меравад.
Сарлашкар даъвойи мулк пешниҳод кард:
– Чилу панҷ миллион пули кам нест. Ин қадар ки харҷ мекунед, як фойда бояд диҳад. Императур ба аморати Бухоро ниёз дорад. Ниёзи бисёр дорад. Пас нози Шуморо мебардорад. Дастовезҳоро гирифта дилаш ки нарм шуд, Шумо, амирам, ишора бикунед, ки заминҳойи гирифтагиашро баргардонида диҳад. Аз Тошканд то Самарқандро баргардонида диҳад.
Ва китобдори китобхонаи амирӣ, ки Русия ва Маҷористон ва Франсияро дида буд, ва аз ҳоли ҷаҳон хабаре дошт, ва сиёсати давлатҳойи бузургро каму беш медонист, дар сӯҳбат гӯшзад кард, ки –
– Амирам беҳтар медонанд. Ба фаҳмиши ин фақир агар Аморатпаноҳ аз фурсати дидор бо Императур истифода бикунанд ва баъзе мушкилоти мулкиро ба самъи Императари Аъзам бирасонанд, ба эҳтироми рӯю риояи Ҷанобашон, он мушкилҳоро осон карданаш аз эҳтимол дур нест.
Албатта, ба ғайр аз масъалаи Самарқанд. Самарқандро дигар баргардонида намедиҳад. Ин аниқ. Лекин дар тақсими оби рӯди Зарафшон ва бино кардани фабрики қанду навот ва тиҷорати пашму пӯст ва корхонаи мовут ва даббоғӣ ва фиристонидани олими илми маъдан, ки конҳо кушояд, сухани Шумо, Амирамро, ба замин нахоҳад монд.

пешина
аз 435
навбатӣ