ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
даставу тӯда–тӯда рост истода, байни худ баҳсу гапгузаронӣ мекарданд, ки сабаби Тифлис рафтани Амир ин нест, он аст:
– Сифлис мебуд, Тифлис намерафт. Петербург мерафт.
Табибҳойи машҳур ҳамааш дар ҳамон ҷо.
– Ҷони Амир ҷону ҷони мо ҷон набудааст? Ҷони вай дард кунад, ба Тифлису Петербург меравад. Мо ба куҷо равем?
Ба ҷойи хароҷоти зиёд карда ба дигар давлатҳо рафтан бо ҳамон пул дар мулки худашон як табобатхонаи нағз созанд, намешавад?
– Ин манғит ақли сохтан надорад, ба болойи ин боақле пайдо шаваду чизе созад, роҳ намедиҳад – манъ мекунад, ҷазо медиҳад. Сироҷиддини сарроф буду шудашро фурӯхту роҳпулӣ кард. Рафту дар Берлин ду сол ва дар Теҳрон як сол илми тиббу табобат омӯхт. Баъд ба Бухоро омаду дар ҳавлии худаш шифохона кушод. Намонданд, ки кор кунад.
Се бор харҷ кард, заҳмат кашид, шифохона кушод. Се бор ҳам бастанд. Ба сараш дӯғ заданд, ки «ту қудрати Худоро мункир шудаӣ. Ту ба пояи дин табар мезанӣ». Мардака ҳам пулаш сӯхт, ҳам ҷонаш.
– Касалӣ як баҳона. Ба қавли худашон, як ҳилаи шаръӣ.
Асли гап дигар. Тифлис тобеъи Русия. Амир ҳамон ҷо буду бош кунад, чунин маъно дорад, ки Бухоро ҳам тобеъи Русия шудааст. Ҳамин хел як сиёсат, ки давлатҳойи дигар бинанду донанд қудрати Русияро. Ана ҳамин аст асли гап.
– Ба шуниди ман Амир пинҳонӣ дини насороро қабул мекардааст. Баройи ҳамин ба Тифлис бурдаанд, ки ғусли тамъид бикунад…
Амир ҳамин хел сафарҳойи дуру дарозро дӯст медошт,
– ташвишу тараддуд кам ва озодии фароғату маишату фосиқӣ бештар. Бори нахуст лаззати чунин корҳоро дар Петербург чашида буд, дар солҳойи ба ном таълими сиёсиву ҳарбӣ гирифтан ва валиаҳди тоҷу тахти аморати Бухоро шудан. Аморати Бухоро, баъди сулҳи Зирабулоқ, ҳарчанд ба ном давлати мустақил буд, дар асл, Амир, бе рухсати Русия, ҳатто ҳаққи атса задан надошт; ва фарзандонашро мефиристонид ба пойтахти Русия барои арзи садоқат ва итоат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё