Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

намешуд; ва дар хилват ба Қушбегӣ шикоят пеш овард, ки:
– Мо азми сафари Тифлис дорем. Намедонем харҷашро аз куҷо барорем.
Қушбегӣ маслиҳат дод:
– Ба номи Қозикалон як хат нависед. Дар хат ишора кунед, ки як қуттичаи нуқра зарур шуд. Қуттичае, ки дар он сад панҷсадсӯмаи урусӣ ғунҷад.
– Вай мумсики мурданӣ ишораро мефаҳмад?
– Шумо нависед, натиҷаашро баъд мебинем.
Ва натиҷааш зуд маълум шуд, – Қозикалон баробарои расидани хат, аввал, ба гузари заргарон одам фиристонд, ки қуттичаи нуқра фармояд, ва баъд, ба нӯҳ қозӣ дар нӯҳ тумон пайғом дод, ки «чанд пансадсӯмаи урусӣ доред, ба ин ҷониб фиристонед». Ва дар муддати панҷ рӯз қуттичаи нуқра, ки дарунаш сад панҷсадсӯмаи урусӣ дошт, дар Ширбадан ба дасти Амир расид.
Сафари Амир ба Тифлис шаш моҳ давом кард, ва шаш моҳ дар шаҳр ва деҳаҳойи Бухоро дар даҳани мардум ҳамун гап буд, ки вай як шаби торик аз Ширбадан ба Когон омадааст ва салотҳойи урус ӯро пинҳонӣ ба оташароба савор кардаанд ва касе намедонад, ки ба куҷо фиристониданд. Лекин яке аз занҳояш, ки ду сол умедвор будасту як бор ҳам ба висол нарасидааст, бо алам ба саиси ҷӯрааш гуфтааст, ки «хуб шуд ба ин бедиёнат! Аз кадом қаҳбае дарди сӯзок гузаштааст. Тифлис барои табобат рафтааст». Ва ин гап овоза шуд, ва боз овозаҳойи дигаре ба он зам гардид.
Ва дар тими шаҳр, ки қаторгунбазҳо аз лаби ҳавзи Девонбегӣ то ба Регистони Арк кашол буд, ва даруни ҳар гунбаз чанд дӯкону дӯконча дошт, ва сохташ ҳазорхонаи шикамбаи говро ба хотир меовард; ва ҳавояш сояравшан буд, ки суроби одамонро равшан намедидед, ва пиёдаву савора пасу пеш мерафтанд, ва шутурсавор ба сари харсавор тозиёна мебардошт, ва харсавор пиёдаро тела медод, ва фолбинон фол медиданд, ва қаландарон наът мехонданд; сарбории ин ҳама беназмӣ, боз мардум даста–

пешина
аз 435
навбатӣ