Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гӯён дурусттар синча кунам, ки... Султоналихон, ҳамон Султоналихонтӯраи ҳамсояамон аст!
Бовариам намеомад. Охир, ӯро ба аскарӣ гирифта буданд-ку!
Афту андоми Султоналихон тамом ранги дигар гирифта, аз он қиёфаи муллоёна осоре намонда буд. На салла монда буду на фаш, на тасбеҳ дошту на яктаки дарози сафед. Вай акнун як шиму камзӯли нимдошти русӣ пӯшида, ба ҷои кафш патинкаи калони ямоқине гирифта буд, ки он ҳоло дар пойгаҳи хонача меистод. «Тағйири намуд»-и ӯро дида, кам монда буд, ки баланд хандида фиристонам. Аз куҷо ёфта бошад вай ин сарулибосро?
Аммо бештар аз ҳама риши калонаш тамошо дошт. Чанде пеш, рӯзи гӯсфанд куштанамон ҳам дида будам, ки ӯ риш мондааст, аммо он риш ҳатто ба як тори ин риши бузурги ҷангалмонанд баробар шуда наметавонист! Он вақт Султоналихон танҳо дар манаҳаш чанд тор мӯй монда, рӯ ва чаккаҳояшро тарошонида буд. Вале ҳоло ришаш чунон расида, чунон ғафсу паҳн шуда рафта буд, ки бинию пешонааш мисли ҷазира менамуданд. Гӯё ки аз пашми даҳ уштур тӯрбае бофта, ба сараш овехта бошад.
Ман медонистам, ки синну соли Султоналихон аз чиҳил беш нест, аммо ҳоло дар пеши назари худ як одами шастсоларо медидам.
Хулоса, Султоналихон тӯқумро ба куллӣ дигар карда буд. Ҳоло ҳар бинандаи ношинос ӯро ҳатман як шахси коргар, як коргари куҳансол мепиндошт. Танҳо дастони сафедаш мегуфтанд, ки ин «коргар» дар умраш на дастаи зоғнӯлро доштаасту на калиди дастгоҳро.
Султоналихон бо ман гарму ҷӯшон мулоқот кард, чунон мулоқот, ки гумон мекардед, ягон хешбачаашро дидааст.
Бояд пеш аз омадани ман ҳар ду чақ-чақ карда нишаста бошанд, ки дарҳол пас аз вохӯрии ману Султоналихон Одилмагазинчӣ бесаброна гуфт:
– Хайр, тақсир, баъд чӣ шудааст?
Султоналихон дар рӯи кӯрпача дурусттар нишаста гирифта, ба гап даромад:
– Хӯш, ки бошад, ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки дар вақти видоъ заифа ба аскар мегӯяд: «Чӣ мешуд, ки барои хотираи муборак карточкаатонро медодед?»

пешина
аз 130
навбатӣ