Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аскарбача бо мамнуният аз ҷайбаш як дона акси худашро бароварда медиҳад. Аммо – заифаи мӯҳтарама хафа! Ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки мақсад аз илтимос карточкаи нон будааст.
Одилмагазинчӣ шикамашро дошта қаҳ-қоҳ зад. Қаҳқоҳи ӯ чунон баланд ва чунон гулдурросӣ буд, ки гумон мекардед, ба даруни хуми холӣ нишаста механдад.
– Э, намуред, тақсир! Э, намуред тақсир! – мегуфт ӯ хандааралаш ҳар замон.
Абдулатиф, ки «газак» гӯён аз зирбак як табақча гӯшт гирифта даромада буд, ба пиёлаҳо арақ рехта, низ бо ханда гуфт:
– Ин ҳоло ҳеҷ гап не, Одил! – ва ба Султоналихон рӯ овард:– Дар касалхона хоб карданатона гуфта тед!
Баъд аз он, ки нимпиёлагӣ арақ (ба қавли Султоналихон «оби замзам») нӯшида, бо гӯшти зирбак газак карданд, Султоналихон қиссаи ба касалхона хобиданашро ҳикоя кард.
Султоналихонро, ки дар «Рабочий баталон» будааст, рӯзе ба хиштрезӣ мондаанд. Аммо Султоналихон, назар ба гуфти худаш, «ягон савобҷӯи дигарро аз савоби ин кор маҳрум накунам» гуфта худро ба касалӣ андохтааст.
– Ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки, – гуфт Султоналихон, – ба духтур мардум температура бошад, бас. Каминаи камтарин чӣ кор мекардам гӯед? Вақти омад-омади духтурҳо, ки шуд, термометрро мегирифтаму ба бистари пашмина сахт-сахт мемолидам ва ҳамин ки шарфаи пои духтур шуд, термометрро дар бағал мемондам. Ана баъд ҷаноби духтур термометри каминаро гирифта мебинанд, ки – чилчилу як! Ба самъи ҷанобашон арз кунам, ки банда ҳамин тарз як ҳафта зиёдтар аз неъматҳои беморхона файзёб шудам.
Султоналихон, ки афти кор аз арақи нӯшидааш хеле рӯҳбаланд шуда буд, аҳсану офарини Одилмагазинчӣ ва Абдулатифро шунида гуфт:
– Э, ин чӣ? Шумо аз ман пурсед, ки аз баталон чӣ хел ҷавоб шудӣ?
Султоналихон ҳикоя кард, ки рӯзе ба хобгоҳи баталон як одами калоншаванда омадааст.

пешина
аз 130
навбатӣ