Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Даштро қафо гузошта, ба кӯҳсор даромада будем, ки шофер об гирифтанӣ шуда, мошинашро нигоҳ дошт. Ман аз мошин фаромада, гуфтам, ки болои кузов мебароям.
– Ангишт ҳамаата сиёҳ мекунад, – гӯён огоҳ кард маро шофер.
Ман «майлаш» гӯён болои мошин баромадам.
Мошин боз ба роҳ даромад.
Имрӯз осмони кӯҳсор ҳам монанди осмони дашт пурабру бедимоғ ва ҳавояш дам буд. Дар кадом як ҷои болооби дарё бояд сел зада бошад, ки оби дарё лой ва ҳамчун сафол заб-зард буд. Кӯҳҳо, ки ду тарафи дарёро иҷора гирифта, дунёро аз назари кас панаҳ ва осмонро танг мекарданд, низ тираву берӯҳ гардида буданд. Ин қадар санги бисёреро дар ин ҷо кӣ ҷамъ карда бошад ва аз ин манораҳои сангин чӣ фоида? Танҳо ҷоро банд мекунанду бас, ин кӯҳҳо. Ҳатто буттаву паттазор ва алафу пистазори кӯҳсор ҳам имрӯз ранги сабзи худро гум карда, хира метофт ва нодаркору бемаънӣ менамуд. Мисли мани раҳгумзада...

«ТАҒЙИРИ НАМУД»-И СУЛТОНАЛИХОН

Пагоҳӣ осмонро абри сиёҳ фаро гирифта, дунёро тираву тор кард, то бегоҳ, албатта, ягон ҳодиса мехезад: ё раъду барқ мешавад, ё сел, ё борон ва ё худ ҳар се...
Дар ёдам намондааст, ки ҳамон бегоҳӣ борон шуд ё сел, аммо нағз дар хотир дорам, ки барои ман он рӯз бо раъду барқи сахте анҷом ёфт.
Себро фурӯхта аз дахмасаи бозор халос шудаму ба саргаҳи дарёчаи Зарчашма рафтам ва тамоми рӯзро дар ҳамон ҷо гузаронидам.
Вақти хуфтан ба шаҳрча баргашта дидам, ки Абдулатиф ба дег алав монда, ош мепазад.
– Ҳа, ҷиянам, зиёратҳо қабул? – гуфт ӯ ба дег сабзӣ андохта, аммо дигар гилагузорӣ накарда, гуфт:
– Ба хона даро, меҳмон омадагӣ.
Дарро кушода дар пешгаҳи хонача Одилмагазинчӣ ва боз як марди ношиноси ришкалонеро дидам. «Ин кӣ бошад?»

пешина
аз 130
навбатӣ