ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ман тамошои газетахонаро бори дигар аз пеши назарам мегузаронидаму худро дар як ҳолати аҷоибе ҳис мекардам:
гӯё ки ба Карим ҳасад мебурдам, рашк мекардам, вале намедонистам, ки чаро?
– Читу корхонаи мо, Ҳасан? – гӯён риштаи фикру хаёли маро бурид Карим.
– Бад не, – гуфтам ман дар ҷавоб ва худам савол кардам, ки:
– Хайр, лояш чӣ хел будааст?
Карим гапи маро нафаҳмид.
– Лояш? Чӣ хел лой? – гуфта пурсид ӯ.
– Пулаш-дия, афандӣ!
Карим хандида гуфт:
– Кай мефаҳмам ман ин гапҳои савдогарита! Ҳамту гӯйдия! – ва ба саволи ман ҷавоб дода гуфт:
– Ҳоли ҳозир, то усто шуданама, дусаду чанд сӯм. Баъд ба устогӣ, ки гузаштам, шашсад – ҳафтсад сӯм мегирифтагӣ мешавам.
– Намур бузакам, баҳор мешавад, алаф мехӯрӣ! – гуфтам ман. – Дусад сӯм! Пфф!.. Ҳамин ҳам пул шуд? Ман ин хел пулро дар як рӯз меёбам! Аммо Карим қаҳр накарда, балки баръакс, бо тамкин ва оромона гуфт:
– Пули ту ёфтагӣ дигару пули ман ёфтагӣ дигар...
Гапи Карим ба ман сахт расид.
– Ӯҳӯ! – гӯён хитоб кардам ман аз роҳам бозистода. – Ба газетахона рафта хеле гапдон шуда мондаӣ, Каримҷон!
Хайр, чиба пули шумо дигар будаасту пули мо дигар?
Карим, ки низ аз роҳ бозистода буд, бо ҳамон ҳавобаландӣ гуфт:
– Чунки мо, Ҳасан, меҳнат карда пул меёбему шумо ҳамту... миёнатона дард накунонда пул кор мекунед!
Дар торикии кӯча рӯи якдигарро дуруст дида намешуд, вале бо вуҷуди он ман пай бурдам, ки дар рӯи Карим як табассуми истеҳзоомезе сайр мекунад, табассум мекунад, ки гӯё ӯ аз ман дар ягон чиз бартарӣ дошта бошад.
Ман худамро базӯр аз дастбагиребоншавӣ нигоҳ дошта, бо таҳдид гуфтам:
– Даҳоната пӯш, Калпеса! Дониста гап зан!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё