ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Яке аз онҳоро, ки ришу мӯйлаби сафед дошту рӯймолро ба сараш салла карда печонида буд, ман рӯзона дида будам. – Вай – қаровули газетахона буд.
Аммо шахси дигареро, ки дар тарафи дигари нимкат пиёла дар даст ба гапи қаровул гӯш андохта менишаст, ман бори аввал медидам. Вай як марди қоқинае буда, дар тан гимнастёрка ва дар по мӯза дошту нӯги як остинашро, ки холӣ буд, ба тасмаи командирӣ тиққонда монда буд.
– Директор! Нав аз ҷанг омадагӣ. Орденаш ҳаст! – маро нихта карда пичиррос зад Карим ва пеш рафта салом дод.
Ман ҳам ба директор «салом» гуфтам. Директор рӯяшро ба тарафи мо гардонда ва чашмонашро нимроғкунон ба мо нигариста алек гирифт ва аз Карим пурсид:
– Ҳа, Салимов, нағз ҳастӣ?
(Ман бори аввал медидам, ки ғайр аз муаллимон касе ба Карим номи падарашро гирифта гап зада бошад: аз чӣ бошад, ки ба Карим рашкам омад).
Баъд директор маро нишон дода ба Карим гуфт:
– Ин кӣ? Ин ҳам ба кор даромаданӣ аст?
Чӣ сабаб, ки Карим дар ҷавоб андаке дасту по хӯрда ва сурх шуда гуфт:
– Не, муаллим... Ин – Ҳасан, ҳамсояи мо... Тамошо кунам гуфта омадааст.
– Бисёр нағз, бисёр сара, – гуфт директор ва ба худи ман муроҷиат карда пурсид:
– Ту дар кучо кор мекунӣ, писар?
Ман, ки аз хиҷолат сарамро хам карда ва қавоқамро андохта ва бо нӯги поям заминро хат кашида меистодам, ҳеҷ чиз нагуфтам.
Аммо Карим ба ёрии ман омада гуфт:
– Не, ин ҳамту, муаллим... Ҳеҷ ҷоба кор намекунад.
– Ҳо-о... – гӯён мад кашид директор ва дигар ба ман кордор нашуд.
...Мо бо директор хайрухуш карда берун баромадем.
Вақт хуфтан шуда, кӯча тип-торик гардида буд. (Он вақтҳо танҳо ба корхонаҳо қувваи электрик медоданд). Мо шитоб нокарда, ба таги поямон нигоҳ карда қадам мезадем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё