ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Гулдурроси мошинҳо чунон баланд буд, ки замини зери по якзайл-меларзид. Сирри сурати газетаро ҳам Карим ба ман дар ҳамин сех нишон дод.
Як навъ асбоб мешудааст, ки номашро «синкограф»
мегуфтанд. Ана ҳамон асбоб сурати одиро, ки дар фотография тайёр мекунанд, гирифта ба рӯи порчаи қӯрғошим мегузаронидааст, ки номи он мешудааст «клише». Баъд клишеро оварда, дар байни ҳарфҳои чи- дашуда, дар «саҳифа» ҷо мекардаанд ва сурат ҳам дар баробари ҳарфҳо чоп шуда баромадан мегирифтаст.
– Ана худат бин! – гӯён Карим маро ба паси яке аз мошинҳои чоп кашола кард.
Он ҷо як аробачаи оҳанин меистод, ки ба аробачаҳои бағочкашонии роҳи оҳан монанд буд. Дар рӯи суфтаву силиқ ва равғанини он ду «саҳифа»-и қӯрғошимини газета гузошта шуда буд.
– Он ду саҳифа, ки чоп шуд, – гуфт Карим ба сӯи мошин ишора карда, – баъд ин дутаашро ба мошин мегиранд, – ва бо ангушт миёнҷои яке аз «саҳифа»-ҳоро нишон дода хитоб кард: – Ана клише!
Ман дар миёнаи «саҳифа» ҳақиқатан як тахтача қӯрғошимро дидам, ки рӯяш пур аз нуқтачаҳои холмонанди майда буд. Кас дурусттар нигоҳ кунад, медид, ки ин холчаҳо дар баъзе ҷо зичтар ва дар баъзе ҷо сирактар шуда, расми одамеро ташкил медиҳанд.
Мо чунон саргарми тамошо шудаем, ки аз бевақт шудани рӯз бехабар мондем. Танҳо пас аз он, ки якбора дар тамоми сехҳои корхона чароғ даргирифту ҳама ҷо рӯз барин равшан шуд, Карим ба соати девории сех нигоҳ карду гуфт:
– Ӯҳ, соат нӯҳ шудааст-ку қариб! Бас будагист тамошо-а, Ҳасан?
Мо боз ба сехи Каримино гузашта, ба рӯи ҳавлӣ баромадем.
Дар сехи Каримино тақрибан касе намонда буд, танҳо ду-се кас чароғи сари кассаҳошонро даргиронда, ҳарф мечиданд.
Дар рӯи ҳавлӣ, дар назди қаровулхона, бар рӯи нимкати чӯбин ду кас нишаста чой менӯшид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё