ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
– Ӯҳӯ, ба ин ҳарф микроскоп даркор шуда монд-ку! – гуфтам ман. – Чинданаш хуб азоб будагист-куя, Карим!
Аммо Карим боз хандида гуфт, ки не, чидани он ҳеҷ азоб нест, чунки ҳар як ҳарф хоначаи алоҳида дорад (масалан, гуфт Карим, барои ҳарфи «а» як хоначаву барои «б» хоначаи дигар) ва ҳуруфчинҳо ҳар як ҳарфро аз хоначаи худаш, ба нӯги он нигоҳ накарда гирифтан мегиранд.
Ҳарфро аз дасти ман гашта гирифта Карим гуфт: – «Нонпарел» мегӯянд номи ин ҳарфро, ҷӯраҷон «нонпарел»!
Ман номи тоҷикии онро ёфта аз номи аҷоиби ҳарф завқ карда гуфтам:
– Нонпар гӯ, Карим, нонпар! Худи сими нонпар барин будааст худаш ҳам.
Карим маро бо устояш ҳам шинос кард. Аз чӣ бошад, ки ман устои Каримро мард хаёл мекардам, аммо вай як зани миёнақади хеле калонсол ва чашмкабуд будааст, ки мӯйҳои маллатобашро ба зери рӯймол гирифта, як пойҷомаи дарозро, ки камарбанд низ дошту агар сафед мешуд, аз яктаки духтурҳо фарқ намекард, пӯшида гирифта буд.
Баъд мо аз бино набаромада, ба сехи дигар гузаштем, ки сехи чоп будааст.
Дар он ҷо чорта мошини чоп меистод, ки ҳама аз мошини боркашон ҳам калонтар буда, бо гур-гури худ гӯшро кар мекард. Аз паҳлӯи ҳар як мошин, аз замин қариб як метр болотар зиначаҳои оҳанин дуруст карда шуда буд, ки дар болои онҳо якнафарӣ коргар меистод. Коргарон аз рафи васеъ ва андаке хамидаи болои мошинҳо яктахтагӣ коғаз гирифта, ба чархи ғафси мобайни мошин фароварда ҷафс мекарданд ва чарх, ки чустакҳои оҳанин дошту он чустакҳо кушодаву пӯшида мешуданд, бо ғарроси баланд тахтаи коғазро ба гирди худаш печонида, аз болои ҳарфҳои чидашуда, ки ду саҳифаи газетаро ташкил мекарданд, пеш меғелид ва коғазро, ки акнун як рӯяш газетаи тайёр шуда буд, бар болои як панҷараи аз газета калонтар партофта, боз пас мегашт. Он асбоби панҷарамонанд бошад, ҳамин ки чарх ақиб рафт, рост шуда, газетаро ба пештахтаи мошин мепартофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё