Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ҳа-сан – ҳиҷҷа карда хондам ман. – Ҳа-сан! Э, ту бутун усто шудаӣ, Карим!
Карим қаноатмандона ханда карда, боз якчанд калимаро чида нишон дод: «Ҳасан ва Карим», «Дадои Ҳасан дар ҷанг», «Ҳасан, корхонаи мо читу» ва ҳатто: «Ҳасан Мукаррамро нағз мебинад».
Баъд Карим ба ман оҳанмайдаҳои дигарро ҳам нишон дод, ки аз оҳанпораҳои аввала дида кӯтоҳтар буданду дар нӯгашон нақши ҳарф надоштанд.
– Ману ту вақти навиштан баъди ҳар калима ҷои холӣ монда меравем, лекин дар газета байни калимаҳо ана ҳамин чизро мемонанд, – гуфт Карим.
Карим маро ба кунҷи дигари сехашон бурда, як қатор кассаҳоро нишон дод, ки дар хоначаҳошон танҳо понздаҳ-бистоӣ ҳарф буду бас, аммо ҳама ҳарфҳои калонкалон.
Сарлавҳаро ана аз ҳамин ҳарфҳо мечинанд, – гуфт Карим.
Ин ҳарфҳои калон ҳам ҳар хел мешудаанд, як хелашон ғафс-ғафс, хели дигар – маҳин, баъзеҳошон монанди хати бо қалам навишта шудагӣ каҷ, баъзеи дигар – дароздарози рост.
Баъд аз он Карим як кассаро рафта нишон дод, ки ҳарфҳои он аз ҳарфи кассаи Карим дида, бориктару маҳинтар буданд.
– Ин хел ҳарфро «петит» мегӯянд,- – гӯён шарҳ дод Карим. – Агар дида бошӣ, дар саҳифаи чоруми газета аз ҳама поёнашба «Адреси идора» гуфта менависанд-ку?
Ана ҳамон хатро аз ҳамин ҳарфи петит мечинанд.
Ман қоил шуда гуфтам:
– Расо майда будааст-дия; қариб, ки чашмам нагузарад!
Карим дар ҷавоб хандида гуфт:
– Э, ин чӣ? Ту ана инаша-бин! – ва аз кассае, ки дар паҳлӯи кассаи ҳарфҳои «петит» меистод, як ҳарфро гирифта ба ман дароз кард.
Ҳақиқатан ин ҳарфи нав аз майда ҳам майдатар буд.
Дар борикӣ мисли сӯзан ва дар тунукӣ мисоли пардаи пиёз буд он ҳарф.

пешина
аз 130
навбатӣ