ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар миёнааш хурдакак ковокие дошт, гӯё ки бо нӯги кордча андак тарошида бошандаш.
– Ҳарф ҳамин аст, Карим? – гуфтам ман ҳайрон шуда.
– Оҳанмайда-ку ин!
Карим, ки ду даст ба камар монда, бо табассуми олими кимёгаре ба ҳаракатҳои ман назар карда меистод, хандида гуфт, ки ба нӯги оҳанпора нигоҳ кунам.
Ман ба оҳанпора дурусттар нигариста, дар ҳақиқат дидам, ки дар сари он ба монанди ҳарфи «а» шакли барҷастае ба назар мерасад, аммо аҷоиб, ки ин ҳарф гӯё чаппа рехта шуда буд.
– «А», – гуфтам ман ба оҳанпора синча карда, – ҳарфи «а». Лекин чаппа барин-мӣ, Карим?
– Ҳо, чаппа, – гӯён тасдиқ кард Карим ва эзоҳ дод ки:
– Мӯҳрро надидаӣ? Ҳарф ҳам мӯҳр барин чаппа мешавад. Вақте ки нақшаш ба коғаз гузашт, роста шуда мебарояд. Мана! – гуфт ӯ ва ҳарфро аз дасти ман гирифта, ба кафаш зер кард, баъд дасташро нишон дод, ки ҳақикатан нақши ҳарф роста баромадааст.
– Номата чинам? – гӯён таклиф кард Карим ва аз паҳлӯи кассааш як асбоби оҳанинро гирифт, ки шаклаш ва ҳатто хурдию калониаш ба қаламдони мактаббачаҳо мемонду танҳо бо ҳаминаш аз қаламдон фарқ мекард, ки сарпӯшаш набуду фақат ду тарафаш девора дошт. Ғайр аз ин дар миёнааш ҳам як парча оҳан дошт, ки Карим онро ғеҷонда болотар баровард.
– Номи ин – верстатка, ҳарфро ба ҳамин мечинанд, – гӯён шарҳ дод Карим ва ба яке аз хоначаҳои касса даст бурда ҳарферо гирифту «чириққӣ» кунонда, ба верстатка гузошт. Вай боз се-чор маротибаи дигар дасташро ба хоначаҳои касса бурда оварду шуд! гӯён коғазпораеро гирифта бар болои ҳарфҳои чидагиаш пахш намуд ва коғазро ба ман дароз кард.
Дар рӯи коғаз бо ҳарфҳое, ки айнан монанди ҳарфҳои китоб буд, номи ман, яъне калимаи «Ҳасан» нақш ёфта буд!
Маро чунон як хурсандие рӯй дод, ки даҳонамро ба як ҷо ғун карда наметавонистам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё