ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Дар ҷавоб Карим хандида гуфт:
– Майлаш, мо – калпеса! Баъзе касҳо барин савдогар набошем шуд! – Вале бо ҳамин ҳам қаноат накарда илова намуд:
– Ҳаромхӯр набошем шуд!
Агар Карим ҳамин гапи охиринашро намезад, яъне маро «ҳаромхӯр» намегуфт, маншаву моҷарои мо аз ҷанги даҳонакӣ ба ҷанги ҳақиқӣ мубаддал намешуд, албатта.
Аммо, вақте ки ӯ ҳамин хел як гапи ифлосро оварда ба ман часпонд, ҷонам баромаду «чӣ гуфтӣ, падарлаънат?»
гӯён бо як даст аз гиребонаш гирифта, бо дасти дигар ба рӯяш задам. Карим ҳам ба ман часпид.
Аммо Карими бечора, ки як бачаи газгӯшти лоғараке буду назар ба гуфти модарам, дар хонаашон баъзе шабҳо дег намеҷӯшид, бо зарби муштҳои ман, ки умуман аз ӯ фарбеҳу тозатар будаму аз паси мевафурӯшӣ рӯзам нағз мегузашт, дер тоб оварда натавонист.
Фурсати қулай ёфта, бори дигаре ба зери гӯшаш зада будам, ки ӯ ногоҳ калавида-калавида, як-ду қадам қафо гашту рафта ба девор такя кард, аммо аз афти кор ба такя карда истодан ҳам қувваташ нарасид, ки ногоҳ поҳош худ аз худ қат шуданду оҳиста ба замин нишаст.
Ман, ки дастам дар ҳаво монда буд, дар ҳамон ҳолат фурсате дар ҷоям шах шуда истодам.
Карим сарашро хам карда дам намезад, ақаллан намеҷунбид. Танҳо ҳашшасзанон тез-тез нафас мегирифт.
Сар то поям ваҷаррос зада рафт. Тарсидам. Давида рафтаму аз ду дасти Карим гирифта, ӯро аз замин бардоштанӣ шудам. Аммо ӯ оҳиста, вале ба таври қатъӣ оринҷҳояшро аз дасти ман кашида гирифту бо як дасташ деворро дошта рост шуд. Баъд сарашро набардошта, бо овози хиррӣ гуфт:
– Рав... рав, набошад сарата зада мекафонам...
Ман ба дасти Карим нигоҳ карда дидам, ки як қайроқсангро бардошта гирифтааст. Санг, аз афти кор, дар таги девор хобида будаст.
Ман лаҳзае чӣ карданамро надониста рост истодаму баъд гуфтам:
– Охир... охир, ба хона намеравем, Карим? Қатӣ... равем, охир...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё