Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фаромӯшхотирӣ-дия! Ин ландаҳур ҳам гап назада баромада рафтан гирифтааст. Ман ба қишлоқаш рафта, ӯро гардонда овардам. Дар ағба қариб сару рӯяшро хунук зада будааст. Намурдааст ҳам давлати калон. Хӯш... Акнун ин, Қосим, дар шахта кор карданӣ. Лекин аз худат гап намемонад, пули дар чойхона кор кардаашро бояд бигирад. Ана, мо ҳам омадем, ки ҳаққи ӯро гирифта диҳем.
– Бояд, – илова карда гуфт Шокиртароша, – бояд ба ҳисоб гирӣ, ки мо аризабозиву судбозӣ накарда, рост ба пеши ту омадем, ки корро хушӣ ба хушӣ ҳал кунем, – ва ба марди палтои чарминпӯш нигариста гуфт:
– Гапи ман тамом.
Марди палтои чарминпӯш қаноатмандона сар ҷунбонда гуфт:
– Агар ин бача дар чойхона шаш моҳ хизмат карда хақ нагирифта бошад, бояд пулашро гирад.
Абдулатиф тез-тез нафас кашида, гӯё базӯр худдорӣ карда гуфт:
– Ту ин касро беҳуда аз корашон монондӣ, Шокирбой.
Ин бача ҳаққашро пурра гирифтагӣ.
Ҳама ба Қосимҷон нигоҳ карданд.
Марди палтои чарминпӯш ба ӯ, ба Қосимҷон савол дод:
– Ин гап рост аст?
Қосимҷон бо азоб лаб кушода (эҳтимол, рӯяш дард мекард) ва ҳамчунон ба ҳеҷ кас нигоҳ накарда бо овози гирифтаи хиррӣ гуфт:
– Дурӯғ.
Дар оҳанги ҷавоби ӯ на хашму ғазаб ҳис карда мешуд, на дарду алам, вале ин ҷавоби хушку беҳис чунон батаъсир баромад, ки ҳама бовар карданд, ки Абдулатиф дурӯғ мегӯяд.
Инро танҳо худи Абдулатиф нафаҳмид.
Вай гӯё аз ҳақношиносии Қосимҷон моту мабҳут шуда гуфт:
– Ҳамаи моро фиреб дода истодааст ин! Ҳар моҳ ба дасташ сесад сӯм медодам ман!
Ҳама боз ба Қосимҷон нигоҳ карданд. Аммо вай дигар чизе нагуфт. Ҳаракате ҳам накард.

пешина
аз 130
навбатӣ