ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Як дақиқа хомӯшӣ ба миён омад.
– Кӯрнамакиро бинед-а! – даст ба даст зада гуфт боз Абдулатиф.
Шокиртароша, ки то ин дам бо як азоб худашро ором нигоҳ дошта менишаст, баъд аз ин гапи Абдулатиф сабру таҳаммулро як сӯ партофта, тамоми овози ғафсашро сар дода, бонг зад:
– Аҳмақӣ накун, Латиф!
Аммо марди палтои чарминпӯш аз остини ӯ кашиду ба Абдулатиф рӯ овард.
– Хуб, – гуфт ӯ бо тамкин ва оҳанги бетарафона, – ягон кас доред, ки гапи шуморо тасдиқ карда тавонад?
Ба каллаи Абдулатиф қоил шудан даркор аст!
Дар ҷои ӯ ҳар кас ҳам аз ин саволи ғайримунтазира дасту по мехӯрд, худашро гум мекард, вале ӯ як лаҳза, танҳо як лаҳза фикр карда, ногоҳ гуфт:
– Ҳаст, чаро набошад? Мана, агар «хешаш» нагӯетон, ҳамин ҷияни ман шоҳид шуда метавонад, – ва ба ман муроҷиат кард:
– Ҳамту не, Ҳасан?
Лаҳзаи аввал ман ҳатто нафаҳмидам, ки ин гапҳо ба ман дахл доранд. Ман танҳо ҳайрон-ҳайрон ба Абдулатиф нигоҳ мекардам.
Ӯ гӯё ба ман чизе гуфт? Гӯё, ки маро шоҳид овард? Ба чӣ?
Сесад сӯм... Агар «хешаш» нагӯетон...
Ҳо, ҳо; Абдулатиф мехоҳад ман баромада гӯям, ки ба Қосимҷон пул додаасту ман инро дидаам.
Лекин кай ӯ пул дода буд? Магар пул дода буд? Ва ба ин кор ман чӣ дахл дорам?
Ман ба чашмони Абдулатиф дурусттар нигоҳ кардам.
Чашмони ӯ, ки дар назари аввал гӯё танҳо дӯстона табассум мекарданд, дар асл ҳам фармон медоданд, ҳам дилдорӣ, ҳам зорию тавалло мекарданд.
– Ҳасан? – гуфт боз Абдулатиф.
Аммо хаёли ман дар дигар ҷо буд. Воқеаҳои ин семоҳа саргузаштам як-як ба пеши назарам меомаданд.
Баъд ба зинапояи вагон баромада гирифтам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё