Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шокиртароша қиёфаи ҷиддиашро дигар накарда, остинашро бар зада гуфт:
– Худамон ҳам хеле гушна монда будем, – ва ба марди палтои чарминпӯш: «Ку, бигир!» гӯён панҷаи васеъ ва серчин ва аз кори вазнин ноҳинҷоршудаи худро калон кушода, ба табақ ҳуҷум овард ва дигар то тамом шудани ош аз болои табақ сар набардошт.
Вале Қосимҷон аз ош як даҳан чашиду дарҳол дасташро пок кард ва ба ҳеҷ кас нигоҳ накарда, беҳаракат, наҷунбида нишастан гирифт.
– Гиред, Қосим-ако, – гуфтам ман оҳиста.
Аммо ӯ гӯё гапи маро нашунид.
Иштиҳои Султоналихон ва Одилмагазинчӣ якбора баста шуда монд. Онҳо танҳо нӯг-нӯги даст чанд дона биринҷ мегирифтанду онро дуру дароз мехоиданд.
Лекин Абдулатиф маро қоил кард. Вай ҳеҷ сир бой надода, баробари Шокиртароша ош мехӯрд; рафтори ӯро дида, гумон кардан мумкин буд, ки ҳеҷ воқеае рӯй надодааст. Танҳо як бор дида мондам, ки чашмонашро нимкоф карда, ба сари Шокиртароша санҷишкорона нигоҳе андохт. Вале зуд чашмашро аз ӯ канд.
Ҳарчанд, ки як қисми меҳмонон ба ош он қадар иштиҳо надоштанд, табақ зуд холӣ шуд.
– Дасти пазандааш дард набинад, бисёр палави нағз омадааст, – гуфт Шокиртароша дасташро пок карда истода.
Ҳама омин карданд.
Ман дастархонро ғундошта, чой дам карда омадам.
Чой ҳам нӯшида шуд.
– Хӯш... – пиёлаи холиро аз рӯи гилем ба сӯи ман ғелонда гуфт Шокиртароша. – Хӯш, ки бошад, Латиф, барои зиёфат – раҳмат, лекин мо бо ин кас, – вай ба марди палтои чарминпӯш ишора кард, – ба як кор омада будем.
Абдулатиф тааҷҷуб накарда, бо лабханди шахси хушодоб гуфт:
– Марҳамат, Шокирбой.
Шокиртароша ногоҳ чашмони оташборашро ба Абдулатиф равона карда якта-якта гуфт:
– Вақти ана ин бачаро, Қосимро пеш кардан, аз хотир баровардаӣ, ки пули шашмоҳа хизматашро бидиҳӣ.

пешина
аз 130
навбатӣ