Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Султоналихон аз чӣ бошад, ки ба тарс афтода буд. Вай гардани борикашро ба пеш ёзонда ва тез-тез мижа зада, гоҳ ба дар, гоҳ ба Абдулатиф менигарист; гӯё гуфтанӣ мешуд, ки «ба самъи ҷанобашон арз кунам, боз ин чӣ гап буд?» Одилмагазинчӣ бо тааҷҷуб ва норозиёна лабони ғафсашро ба ҳам ҷафс карда, чашмашро аз дар намеканд.
Танҳо тағоиям худашро гум накард. Вай як лаҳза фикр карда истоду баъд бо як ҳаракати даст шишаҳои арақро ба таги каравоташ тела дода, бо овози баланд гуфт:
– Марҳамат!
Дар ғиҷирроскунон кушода шуд.
Мо ҳама, ки ба он тараф чорчашма шуда нигоҳ мекардем, оҳиста ва беихтиёр аз ҷоямон хестем.
Ба хона Шокиртароша, аз паси ӯ як марди палтои чарминпӯш (ман медонистам, ки ӯ дар идораи кон кор мекунад, баъд фаҳмидам, ки аъзои месткоми кон будааст) ва аз қафои ӯ... Қосимҷон даромаданд.
Шокиртароша аз болои либоси одатиаш ҷома пӯшида гирифта, ба сараш телпак монда буд. Вай чун одат бо нигоҳи чашмони тезаш ҳамаро як-як аз назар мегузаронид.
Аммо Қосимҷон ким-чӣ тавр дигар хелтар шуда буд.
Осори ҳамешагии маҳзунӣ ва ҳалимӣ аз рӯяш барҳам хӯрда, чашмонаш аҷоиб нигоҳ мекарданд: вай ба Шумо нигоҳ мекарду гӯё Шуморо намедид. Ранги рӯяш хеле сиёҳ шуда, гӯш ва ду рухсорааш гӯё пӯст партофта буд.
Ҳайрату тааҷҷуби Абдулатиф сонияе беш давом накард. Вай дарҳол ба худ омада, бо оҳанги меҳмоннавозона, ҳатто бо хандаю табассум бо меҳмонон вохӯрдӣ карда, онҳоро ба кӯрпача шинонд.
Марди палтои чарминпӯш сулфида гуфт:
– Мо...
Вале Абдулатиф бо ханда сухани ӯро бурида гуфт:
– Аввал таом, в-онгаҳ калом! Ҳамаатонро ҳам модарарӯсатон нағз медидааст, канӣ, ба ош марҳамат кунанд.
Ҳозир кашида будем.
Марди палтои чарминпӯш саволомез ба Шокиртароша нигоҳ кард.

пешина
аз 130
навбатӣ