Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ним сол мешавад, ки намеоӣ... Ман, охир, туро интизорам», – гуфта, ҳамоно ғайб зад.
Рост, қариб ним сол инҷониб Анвар ба Нилу нарафтааст.
Баъд аз он чанд рўзи тирамоҳ, ки ҳамроҳи Аваз Каримов – сардори милисаи ноҳия – дар хонаи язнааш Юнус истиқомат карда, ба душвориҳои зиёд калхоз месохтанд, гузораш дигар ба Нилу наафтид. Ба ихтиёри худаш ҳам омада натавонист; кораш чунон бисёр, ки фурсати сар хоридан намеёфт.
Ҳар рўз як ташвиш, ҳар рўз як гапи нав... Ҳоло ана, дар ҷустуҷўи босмачиҳо гаштаанд, ки он ваҳшиёни бераҳм мабодо айши мардумро талх кунанд. Ба ҳамин мақсад дар шитоб то Нилу мераванд. Ва нағз, ки мераванд! Айни муддао... Вай ниҳоят Таманноро мебинад, аз аҳволи хоҳари дилбандаш Сабоҳат хабар мегирад, ба язнааш сўҳбат ороста, аз кору бори ў пурсон мешавад. Марди хуб аст Юнус – ботинаш равшан, ҳақгуй, заҳматкаш, ба хурду бузург меҳрубон. Порсол одамон эҳтимол барои ҳамин хислатҳояш ўро ба як овоз раиси калхоз интихоб карданд.
Хулоса, агар раҳораҳ ба ягон нохушӣ дучор наоянд, тахмин шомгоҳон дар Нилу мешаванд. Дар ҳамон Нилу, ки ба ҳар як тангкўча ва шаху адирҳои атрофи он нақши пояш мондааст, ҳар як кулбаашро ҳатто ба чашмонн пўшида метавонад возеҳ пеши назар орад; дар ҳамон Нилу, ки шоҳиди бачагии пуразобаш буд...
Таманно нияти ўро мефаҳмида бошад? Оё пай мебарад, ки Анвар дар умқи ҷигар чӣ орзуҳо мепарварад, то чӣ дараҷа дўсташ медорад?
Онҳо ба ҳамдигар номзад нестанд. Ягон маротиба рози дил ҳам накардаанд. Иштиёқи поки ҳар дуро танҳо нигоҳашон ошкор месохт. Онҳо аз тўғёни вуҷуди худ фақат ба чашмонашон ҳарф мезаданд. Анвар дар ин хусус то алҳол ба касе лаб накушодааст – на ба модараш, на ба хоҳараш, на ба ин ё он дўсти наздикаш.
Вале модар... Модараш гўё ҳар як ҷунбиши қалби ўро хуб мешунавад. Вагарна чаро вай баъзан «розӣ шав, писарам, саратро ҷуфт кунем», – гуфта, чунон ки дар омади гап бошад, маҳз номи Таманноро ба забон меорад? Боз мегўяд, ки аз ў беҳтар зан намеёбӣ. Ва нарм механдад.

пешина
аз 551
навбатӣ