Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Раъду барқ хурўш карда, борон мерехту мерехт. Анвару ёронаш тар шуда буданд. Аз бадани аспҳо низ об мешорид.
Ҳеҷ гап не, камобеш ним соат пас ба Дизак мерасанд, – аз дил мегузаронд Анвар. Аҳволи Шокир чӣ хел бошад? Дар деҳа хотирҷамъӣ ё... Аз бозе ки Мирзовалӣ Амонов дар маркази ноҳия ба кор гузашт – соли бисту шашум буд ин, – Шокир дар он ҷо раиси ҷамоат аст. Аввал сарварии гурўҳи камсамолонро ба ўҳда дошт. Анварро ба Амонов маҳз Шокири дизакӣ шинос карда, ба дасташ қаламу дафтар дода буд, то ки вай ҳам ба монанди ў, дирўза деҳқонбачаи хокпошу бесавод ва аз кори дунё бехабар, хондану навиштан омўзад; ба фарқи сиёҳу сафед расида, пасту баланди дунёро шиносад, одам шавад.
Анвар аз Шокир ва Мирзовалӣ Амонов якумр миннатдор аст. Ҳаминҳо буданд, ки вай савод баровард, ҳаққу ҳуқуқи худашро шинохта, ба воқиаҳои замон кам ё беш... ба ҳар ҳол сарфаҳм рафт; ба сафи камсамол даромада, то метавонист, ғояҳои инқилобро тарғиб намуд. Баъд, соли бисту ҳафтум – ин сафар ҳам ба маслиҳати падаронаи Амонов, ки он вақт котиби камитети камсамоли атроф буд, – дар мактаби партиявии Самарқанд ба таҳсил оғоз карда, узви фирқаи балшевикон шуд. Акнун вай қариб ду сол боз дар вазифае машғул аст, ки соли ба хондан рафтанаш ташвиши он дар ўҳдаи Амонов буд...
Саворон чолок раҳ мепаймуданд. Аспашонро фақат намедавонданду бас. Раъд ҳамчунон гулдурос зада, борони ҳамал гўё ҳеҷ мондан намехост. Онҳо боз як хамгаштро гузашта, лаблаби Кофрун, ки дар худ печидаву сангҳоро ба ҳам кўфта, девонавор ба водӣ мешитофт, тадриҷан ба Дизак наздик мешуданд. Аспи Анвар пеш-пеш мерафт, дигарон аз қафои ў буданд. Оби хунуки борон шорида, ҳатто ба пойафзори онҳо медаромад.
Анвар беихтиёр аввал Нилу, модару хоҳараш – вай раҳматӣ падарашро нағз дар хотир надошт, – Таманно ва пас қиссаи марги падари ўро ба ёд оварда, дилаш вайрон шуд.
Хаёлаш, ки аз байни риштаҳои обӣ чеҳраи ба мисли гули нор зебои Таманно як намоён гардида, ба сўи вай омехта ба таънаву маломат нигарист. Ва гўё «барои чӣ маро фаромўш кардӣ?

пешина
аз 551
навбатӣ