Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чу-у, ҷонвар! – гуфт Саид.
Дигарон ҳам ба ин нидои мадорбахш ба кафали аспҳои худ оҳиста қамчин заданд.
Аз байн фурсате нагузашта, ногаҳон дар болои сари онҳо раъд чунон тўп паронд, ки осмон аз зарбаш гўё дукафон шуд.
Ва аз паи он барқ ҷаҳида, замину замонро як лаҳза ба ранги кабуд андохт. Аспҳо тарсида, гарданакзанон шиҳа кашиданд... Сипас боз раъд ғурид; боз хаданги барқ дурахшида, дидаи бедори саворонро даме тира кард. Яқин ба чашми аспҳо низ гўё сих зад. Ва шохборон сар шуд...
Онҳо дар зери қатраҳои калон-калони батаҳдид, ки лаҳза ба лаҳза қувват мегирифт, дар ҷадал асп меронданд. Ба умеди шояд қатъ гардад, ҳатто дар таки ягон шах мунтазир истодан фоида надорад. Кӣ медонад, ки ин борони шадид кай мемонад. Ва боз ҳам вақт ғанимат... Ҳоло мақсад – ҳар чи зудтар ба Дизак расидан. Дар он ҷо Шокирро дида, каме нафас рост карда, баъд рў ба Нилу меоранд.
– Дар чунин ҳавои тўфонӣ ҳатто саги бесоҳиб ба кўча намебарояд, – гуфт Мурод, аз байни шар-шари борон овозашро сар дода.
– Босмачиҳо ки баромада, кўҳ ба кўҳ гаштаанд, мо ҳам маҷбурем, – хандид марди деҳқонҳайати тахмин сисола, ки дар тан ҷомаи майдалагандаи сиёҳ дошт.
– Рост гуфтӣ, Ҳасан. Рафту саг девона шуда, дарғазаб ба кўча тозад, одамон... ба вайрон будани ҳаво нигоҳ накарда, онро дар таъқиб мегиранду дошта... пўст мекананд, – гуфт Мурод ин дафъа ҷиддӣ.
– Набошад чӣ! Вагарна каси ростомадаро газида, чунон бадбахтиҳо меорад, ки... эҳа!
– Яъне босмачӣ ҳам саги девона барин? – ба Ҳасан нигариста, хандид Саид.
– Не-е, барои чӣ? Вай худи девона, – гуфт Ҳасан, аз ду бари рўяш ҷўя-ҷўя оби боронро ба кафи даст ситурда.
– Бале, худи худаш, – сухани ўро қувват дод Анвар.
– Девона аст, ё не... ҳоло дар воқеъ моро ба ташвиш меандозад, – гуфт андешаманд Мурод.
Ва ба ҳамин хомўш монданд.

пешина
аз 551
навбатӣ