Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шабу рўз дар хизмати халқ мегашт. Вай на фақат ташвиши деҳаи Дизакро ба зимма дошт, балки дар Нилу ҳам аз рўи инсоф ба доди камбағалон мерасид. Зеро деҳаи Анвар низ тобеи ҷамоати Дизак буд. Ва то ҳол Нилу ба ҳамин ҷамоат нигоҳ мекунад...
– Борон омад, – гуфт нохост Мурод, домани чакманашро ба таки рон хобонда.
Анвар ва дигар шариконаш ҳам дар бари рухсору пушти гардан қатраҳои сабуки боронро ҳис намуда, ба осмон нигаристанд. Офтоб, ки ягон ним соат муқаддам дар паси абрҳои тунук монда, хира-хира равшанӣ медод, акнун тамоман ба назар намерасид. Осмонро сар то сар саҳоби сиёҳ пўшида, ба таҳдид ғалаён мекард. Гулдуроси рўди Кофрун баландтар мешуд. Дар пеш, эҳтимол дар фарози кўҳи Ҳафтсар – ин дам Чилчароғ аз тарафи шимол қафо монда буд, – гоҳ-гоҳ хаданги оташини барқ медурахшид. Аз он дуриҳо баъзан садои пасти раъд низ меомад. Ҳама ҷоро накҳати рутубатноки сабзаву бўи борон гирифта буд. Ва аз муқобил боди як қадар сард мевазид.
Аспҳо, шояд аз нохост тағйир ёфтани ҳаво бошад, андак гўш хобонда, лаблаби Кофрун ҳамчунон таноби раҳ мекашиданд. Ҷирани борикпои Анвар ҳоло юрға мерафт. Лекин вай ҳам, мўи гарданаш каме сих зада, ёлаш парешон, гўши худро суст карда буд.
– Тар мешавем... – аз қафо овоз баровард Саид.
– Чӣ илоҷ, фасли баҳор! Сахт борад, хоҳ-нохоҳ тар мешавем, – гуфт Анвар. – Дар ҳар сурат зудтар ба Дизак расидан лозим. Бигузор аз таки замин, аммо Шокирро ёфта, вазъиятро дуруст мефаҳмем. Оромӣ бошад, сарулибосамонро хушк карда, ягон қути лоямут мехўрему пас ана... ба Нилу меравем. Он тарафаш се-чорсоата раҳ.
– Ҳеҷ қисса не, кулўх нестем, ки об шавем, – гуфт Санҷар ҷиддӣ.
– Рост, – хандид Мурод.
Анвар ҳам хандида, лаҷоми ҷиранро ҷунбонду ба ҳар ду паҳлуяш беозор пошна зада, гашти онро тезонд. Дар роҳи серсанг садои суми аспҳо баландтар гардид. Қатраҳои борон низ акнун бештар мерехтанд. Гув-гуви Кофрун, ки обаш дам ба дам меафзуд, воҳиманок буд.

пешина
аз 551
навбатӣ