МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Барои чӣ ин тавр? Вай яқин аз ҳаваси писараш ба Таманно хабар дорад. Ё шояд бафурсат корро пазонда бошад... Кӣ медонад? Порсол, тирамоҳ, модари Таманно ба Анвар чунон меҳрубон буд, ки...
Онҳо боз як хамгаштро гузаштанд. Ҳамин замон ба Дизак мерасанд. Агарчи тундар ҳоло аз поинтар гулдурос мезад, шасти борон паст намешуд. Саворагон саропо тар ва хомўш мерафтанд. Садои суми аспҳоро гув-гуви яксони Кофрун пахш мекард. Аз пеш боди акнун сард вазида, ба гиребону бари домани Анвар ва шариконаш печ мехўрд. Сабзаҳои муҳит ҳама дар зери борон хобида, ба назар ҳақиру ғамзада метофтанд.
«Пас аз марги шавҳараш модари Таманно кулфати бисёр кашид, – мегуфт ба худ Анвар, ба роҳи сангини ноҳамвор ва пур аз кўлмак, ки чун тасмаи ҷо-ҷо дарида аз зери суми ҷиран гузашта, торафт кўтоҳ мегардид, маҳзун чашм давонда. – Мўяш якбора сафед шуда, дар бистари беморӣ ғалтид. Азоби Таманно ҳам кам набуд. Дилу ҷигараш дар ёди падар сўхта, чеҳрааш пайваста ҷиддӣ... хаёлолуд ва ғамгин мегашт. Чашмони зебояш дигар намехандиданд. Охир, даҳшат аст шоҳиди ин гуна фоҷиа будан!»
Дар пеши назари Анвар рўзи дафни падари Таманно зинда гардида, чунон ки раҳи гулўяшро нохост як чизи ноҳинҷор гирифта бошад, вай сахт дилтанг шуд. Ва аспро сабук маҳмез зада, гашташро тезтар кард.
«Лекин андўҳ, ҳар қадар вазнин тобад ҳам, ба мурури айём мегузаштааст; қисман бошад ҳам, оҳиста-оҳиста фаромўш мешудааст. Беҳуда намегуфтаанд, ки бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад... Он алами сангин аз сари Таманнову модараш низ гузашт. Ҳоло Таманно дар калхоз кор мекунад. Порсол дар қатори дигарон худаш ариза бардошта омад, ки номи ўро ҳам ба рўйхати аъзои калхоз дароранд. Чеҳрааш боз маҳтоб барин зебо буд; чашмони сиёҳаш боз равшанӣ мефиканданд. Аммо модараш... берўзӣ баъди он фоҷиа дарди хафақон дорад. Акнун ягона парастори вай духтараш Таманно...»
Шабе ки босмачиҳо ба деҳа даромада, падари ўро мекушанд, Анвар дар Дизак буд. Ҳамон бегоҳ дар идораи шўрои ҷамоат чор нафар камсамол ба сардории Шокир аризаашро муҳокима карда, ниҳоят лоиқ донистанд, ки вай дар сафи онҳо ҷой гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё