МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Мубориза чунон сахт ва хунин буд, ки гоҳ қатъ гардидаву аз нав шиддат гирифта, то ба имрўз давом дорад...
«Аз ду тараф чӣ қадар одамон кушта шуданд, – мегуфт дар дил Усмон Азиз, аз ёли хушҷило ва андак печидаи сиёҳмушкин, ки сабук пой мемонд, чашм наканда. – Эҳа... Имрўз мешунидед, ки аскарони сурх дар домани фалон деҳа ё дар баҳмон дашт сарбозони фалон қўрбоширо билкул қир карда, худашро асир гирифтаанд. Пагоҳ мешунидед, ки онҳо дар фалон дара ба босмачиҳо рўбарў омада, талафи бисёр додаанд... Имрўз мегуфтанд, ки Иброҳимбек гурехта, боз ба кўҳҳои Боботоғ рафтааст. Пагоҳ мегуфтанд, ки дар фалон ҷо домоди халифаи турк, худи Анварпошшо, аз тири аскарони сурх ҳалок гардидааст; акнун ҳама қўрбошиҳо фақат ба Иброҳимбек итоат мекардаанд...»
Ин ном боз ба ёдаш омада, табъи Усмон Азиз бештар хира шуд. Вай ба Иброҳимбек чун ҳафт сол... панҷ сол ва ҳатто як моҳ муқаддам дигар эътимод надошт. Зеро аз он соате ки хомхаёлӣ карда, ҳамроҳи ў ба ин тарафи дарё гузашт, оҳиста-оҳиста вазъиятро фаҳмид; хуб фаҳмид – ҳукумати шўро ҳатман барҷо мемонад. Барои он барҷо мемонад, ки вай сохти як тўдаи муайян не, балки ҳукумати ҳама коргару деҳқон аст. Ва халқ инро аз реша медонад. Акнун вай Иброҳимбеку амир Олимхон барин золимонро чашми дидан надорад, сояи онҳоро аз девор метарошад. Вагарна ин қадар калтакдорони сурх аз куҷо пайдо шуданд? Барои чӣ аз байн як моҳ нагузашта, пешвои лашкари ислом ба ҳоли дузди шабгард афтид? Осмон баланду замин сахт гуфта, намедонад акнун чӣ илоҷ ёбад, ба чӣ тадбир ҷон дар саломат монад.
Усмон Азиз талх табассум кард.
«Тавба! Иброҳимбек, а... Ин аспдузди лаин аз гурехтани амиру нооромии мулк истифода бурда, чӣ қадар одамонро аз раҳ зад! Чӣ қадар хуни ноҳақ рехт; чӣ қадар мардуми бегуноҳ хонабардўш шуданд... Маро ҳам фиреб дод. Сахт фиреб дод маккор... Ҳамватанон аксарият ба умеди мо гуфта, доманамро пур аз чормағзи пуч кард. Маҷбур асп тозонда ва тир паронда, на як бору ду бор одам куштам. Оқибат ана, оворагарди зору низорро мемонам; пушаймон хўрда, ду дасти хунолудам дар бинӣ, боз масофаи гурезро пеш мегирам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё