МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ҳоло ман дар ин хоки тазвир дигар коре надорам. Фақат ба Нилу рафта, қабри падару модарамро зиёрат кунам, рўи ягона хоҳарамро бинам, бас аст... Зану фарзандонам дар ғарибӣ.
Аз манзили ба ҳар ҳол гармам наҷунбида, дар пеши онҳо гардам, намешуд? Не-е, нахостам, бод гирифтам – ба роҳи шайтон даромада, ба воситаи одамони Иброҳимбек ба он дузди дунёдаркаш шинос шуда, орзуи ватан кардам. Лекин қариб буд дар ин ҷангҳои ҳаёту мамот рост ба асфалуссофилин равам... Лаънатӣ Иброҳимбек! Аз дастат ки намеомадааст, чаро боз ба тохтутоз даромадӣ? – Усмон Азиз беихтиёр ба кафали аспаш қамчин зад. – Хулоса, аз афсуни вай, ё ба хости худо... саргаштаву печида шудам. Чӣ илоҷ, хати тақдир ҳамин будааст! Ҳоло ман як рой дорам: аввал ҳар чи зудтар ба Нилу рафта, пас дарёро убур кардан... Гуфта буданд, ки ин тарафҳо ором, аскарони сурх асосан аз паи Иброҳимбек гаштаанд. Вай бошад... дар Боботоғ вай! Кўшиш дорад боз одам ҷамъ карда, бахташро таваккал санҷад...
Хайр, сарашу равғанаш – бигузор ба даст афтад, оқибат ба гўри торик равад. Роҳи ман акнун дигар, ман бояд ҳар чи зудтар аз ин хок берун шавам. Ҳоло муҳиммаш – ба аскарони сурх вонахўрдан. Бале, агар бахтамон тофта, ба онҳо рўбарў наоем, аз дарё гузаштан ҳам осон мегардад...»
Усмон Азиз ноилоҷ монда, имрўз ба чунин хаёлҳои сўзнок мерафт. Аммо вақте ки босмачигарӣ дар авҷ буд, ҳамранги падараш ба онҳо ёрӣ мерасонд: аз ҳукумати нав пинҳонӣ пул медод, аспу улав медод; лозим бошад, хўроку пўшок медод.
Вай ба монанди зоти худ ва дигар давлатмандони водӣ муттасил умед дошт, ки ҳангоме мерасаду об аз нав ба лаби ҷўй баробар мешавад.
Вале ин тавр нашуд.
Аскарони сурх, ки дар сафи онҳо мардуми маҳаллӣ рўз то рўз меафзуданд, ба босмачиҳо мардона ҷангида, аксар вақт ғолиб меомаданд. Дар партави ин, ба ҳар деҳае ки қадамашон расад, чӣ будани ҳукумати коргару деҳқонро ба одамон фаҳмонда, баъзан, агар имконият бошад, мактаб ташкил мекарданд; ба камбағалон аз ҳисоби заминҳои кишту чорвои шахсони давлатманд замин медоданд, чорво медоданд.
Хоҷаи онҳоро даъват намуда, ҳаққи меҳнати ҳар як чўпон, чоряккор ё хизматгорро дақиқ муайян мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё