МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Онҳо дар кўҳистон ҳам пайдо шуда, аз ташкил гардидани ҳукумати коргару деҳқон хабар доданд. Ва кӣ камбағалу кӣ доро, аз давлатмандон кӣ аз паи амир рафтаасту кӣ мондааст, кадоме чӣ қадар замин ё чорво дорад, кадоме мўҳтоҷи хўроку пўшок аст – ҳама, ҳамаашро ба ҳисоб гирифта, зиндагии мардумро, ки даҳҳо, шояд садҳо сол инҷониб аз рўи анъана ва қонунҳои азалӣ якмаром идома дошт, чун қазои мубрам зеру забар карданд. Камбағалон шод буданд, ки ниҳоят соҳиби обу замин мешаванд, одам барин рўзи равшан мебинанд... Давлатмандон чӣ? Онҳо баръакс – ғам мехўрданд; ғам мехўрданд, ки молу мулкашон ба бод меравад, акнун на онҳо, балки дирўза қашшоқони косалес давр меронанд. Аз ин рў ба пўстинашон кайк даромада, чӣ кор карданро намедонистанд.
Ба пўстини Усмон Азиз ва падараш низ кайки лоилоҷӣ даромада буд.
Болои ин ҳар рўз дар деҳа як гапи нав пайдо мешуд. Мегуфтанд, ки ҳукумати шўро ҳуқуқи зану мардро баробар кардааст; моликияти шахсӣ барҳам мехўрдааст; дину оин таки по мешудааст; минбаъд бечора тоҷикон фақат барои куффор заҳмат мекашидаанд; касе ки дилаш хоҳад, ба зани каси дигар бемалол ишқбозӣ мекардааст; акнун хурду калон, зану мард... мисли қаландарҳо аз як дег ош мехўрдаанд; мусулмонӣ аз байн мерафтааст...
Ва ғайра ва ҳоказо.
Дар паҳн гардидани ин гуна дурўғҳо Усмон Азизу падараш низ албатта ҳисса доштанд. Ва дарун-дарун хурсанд ҳам мешуданд. Зеро чунин овозаҳои воҳиманокро шунида, на танҳо деҳқонони миёнаҳол ба талвоса меафтиданд, балки яктанимта камбағалони бехабар низ пўстини худро чаппа мепўшиданд, ки ин ба душманони ҳаёти нав – собиқ амалдорон, сарватмандон, эшону муллоҳо ва дигар зотҳои ҷабрдида айни муддао буд.
Пас чун сўхтори ногаҳон ба ном босмачигарӣ оғоз ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё