Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

оварда, дар виқор пурсид:
– Аҳволатон чӣ хел?
– Аҳвол... маълум. Дар ҳар сурат аз худатон гап намемонад, тақсир, – гуфт Усмон Азиз, ки беихтиёр хотираш парешон мегардид.
– Пушаймонед?
– Аз пушаймон шудан ё нашудани ман дигар чӣ фоида?
Ҳар кас бояд аз қисматаш донад.
– Лекин қисмат ҳамин будааст гуфта, даму дуд гаштан ҳам кори одами оқил не.
– Ҳа-а, – маънидор лабханд намуд Усмон Азиз, – чаро оқил кунад коре ки бозорад пушаймонӣ!
– Мағзи гапатонро фаҳмидам, бой, – гуфт Иброҳимбек, ваҷоҳаташ акнун тамоман ҷиддӣ гардида. Баъд вай каме хомўш монда, пайкарашро ногаҳон аз болинҳо канду дар як ҳаракати сабук чорзону нишаст. – Вале ман ҳаргиз пушаймон нестам, харгиз! Мард аз лафзаш намегардад, паланг – аз қасдаш гуфтаанд. Хуб гуфтаанд. Шумо ҳам... – Ў даме лаб газида, аз нав суханашро давом дод: – Не-е, бой, пушаймон нашавед! Одамизод барои ватанаш, халқаш, дину оинаш ҳар қадар азоб бинад, ҳар қадар хорӣ кашад, бе ягон қилу қол меарзад.
– Албатта...
– Медонам, шумо дилтангед ҳоло. Шунидам, ки ҷанги Сунбула хеле сахт будааст. Аммо то ин дараҷа ғам хўрда, беҳуда ҷигаратонро хун накунед. Ман дар умри сарам чунон рўзҳоеро дидам, ки... эҳа-аа!
– Чӣ илоҷ, худи номаш ҷанг як амри сиёҳ, дарди бедаво.
Дар мусулмонӣ накуш гуфтаанду боз куштор, боз сўхтор.
Иброҳимбек, гўё сухани ўро нашунида бошад, аз дари дилсўзӣ пурсид:
– Чанд касро талаф додед?
– Ёздаҳ...
– Хайр, ҳеҷ қисса не. Ҷанг қурбонӣ дорад... Шукр гўед, ки худатон саломат мондед.
– Чунин давом кардан гирад, минбаъд ҳам зинда будан дар гумон...
– Мард ба нияти нек зинда аст!

пешина
аз 551
навбатӣ