Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас аз таки ҷома тасмаашро кушода, онро ба тирдону маузер хоҳам-нахоҳам ба дасти вай дод.
– Боз чӣ дорӣ? – гуфт сарбози якум ва ҷавоби ўро мунтазир нашуда, дар чолокии гурбасифат пушту паҳлу ва соқҳои мўзаашро даст-даст карда, чизе наёфту тоб хўрда, миннаташ ошкоро, дари хаймаро оҳиста кушод. – Марҳамат!
– Ташаккур, – гуфт Усмон Азиз, ки аз чунин муомилаи онҳо дандонаш газ-газ ёзида, дилаш беҳузур мешуд.
Даруни хайма васеъ, озода ва барҳаво буд. Ба фарши он қолин партофта, дар се тарафаш қабат-қабат кўрпачаҳои шоҳӣ густурдаанд. Дар канори кўрпачаҳо ҷо-ҷо чанд болини бахмал ҳам ба назар мерасиданд. Дар мобайн як хонтахта меистод. Дар болои он чойники калони чинӣ, ду пиёлаи хушгул, шаш-ҳафт кулча, дар табақе гўшти бирён, дар тақсимчаҳо гуна-гуна меваи хушк...
Ва дар пешгаҳ Иброҳимбек!
– Хуш омаданд. – гуфт ў, аз ҷое ки менишаст, ба саломи Усмон Азиз сар ҷунбонда. Пас ба паҳлуи хонтахта ишора кард. – Марҳамат, гузаред, шинед.
Усмон Азиз даст ба рўи сина гузошт ва:
– Ба чашм, – гўён дар болои кўрпача ба тамкин зону зад.
– Чой менўшед?
– Ташаккур, – гуфт Усмон Азиз, ҳамчунон даст ба пеши бар гирифта. – Қабл аз он ки ба хизмати ҷанобашон расам, обу ош хўрда будам.
Иброҳимбек ҷуссаи вазнинашро ба ду-се болин такя дода, каҷпаҳлу менишаст. Аз болои кители сабзтоб дар китфаш ҷомаи сабуки беастар партофта буд. Ҷигарранг, аз абрешими нафис ва шерозадор буд ҷома. Саллааш низ шоҳии асил, нилобӣ... Ришаш ғулӣ, базеби на хурду на калон ва моил ба хурмоӣ. Абрувонаш сиёҳи дароз. Чашмонаш ҳам сиёҳ ва калон-калони равшан. Нигоҳаш тез, дами теғи алмос барин…
Умуман дар чеҳраи мазбуташ табиати доимии ў, ки аз қатъият, рамузфаҳмӣ, маккорӣ ва як ҷасорати ваҳшиёна ба ҳам меомад, возеҳ таҷассум ёфта буд. Вай муддате гўё ба хаёл рафта, чӣ тавре ки менишаст, ҳамон тавр ҳолаташро тағйир надода, ниҳоят ришашро хилол карду ба Усмон Азиз рўй

пешина
аз 551
навбатӣ