Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

8 Захми ронашро, ки аз он то алҳол хун метаровид, як муддат лесида, модагург хашмин ба поин нигарист.
Борон аз дамаш гашта буд. Арчазорони сабз рў ба қаъри дара доман густурда, шояд аз имрўза оби раҳмат дар дидаҳо боз ҳам сабзтар метофтанд. Ба сатҳи осмон низ, бо вуҷуди он ки вай ҳанўз абролуд буд, аз куҷое – эҳтимол аз канори уфуқ… як равшании муқтадир давида, тадриҷан ба сари кўҳу камар ва ёнаҳои пур аз арчаву вартаҳои сангин хам мехўрд.
Ин нуру зиё ба ковоки ғормонанди таки шахи сиёҳ ва баланд ҳам, ки модагург пас аз бебарориҳои имрўза пои захминашро базўр кашола карда, дар он ҷо аз шохборон паноҳ бурда буд, оҳиста дасту панҷа меёзид.
Хуллас, ки ба замину осмон боз анвори ҷонбахши офтоб паҳн мегардид; табиат боз дар бар либоси шодмонӣ карда, ба ҷилваи нав омода мешуд. Вале ин ба модагург ягон асар надошт. Дили вай ҳоло торик буд, хунук мехўрд вай. Пои захмгирифтааш зириқ-зириқ дард мекард. Баданаш тар буд, гушнагӣ ҳам азобаш медод. Бар замми ин аз ғояти хастагӣ хобаш омада, чашмони хунхоҳаш зуд-зуд роғ мерафтанд.
Аммо ҷонвар дар ҷое ки дароз кашида буд, як сар афшонда, худро гаштаву баргашта ҳушёр мекард. Зеро вай ба хоб рафтан ҳақ надошт. Дар ғами се бачаи гуруснааш метапид. Онҳо, ки чор рўз боз ба даҳон чизе набурдаанд, ин дам дар чӣ ҳол бошанд?
Ғазаб агар зинда мебуд...
Модагург аз қаъри дара ва арчазори пошнаи шах чашм канда, рони чапашро гашта лесид.
Батаъм буд хуни худаш!
Ҳа-а, лекин бачаҳояш гуруснаанд, қариб ки нимҷон шаванд. Вай-ку илоҷе карда, ба ин рўзи сиёҳ тоб меорад, аммо ба се бачаи ширмакаш душвор. Онҳо бисёр хурданд ҳоло, беқувватанд... Ғазаб агар пойбарҷо мебуд, ҳаргиз гурусна намемонданд; шояд модагург дар он пайроҳаи наҳс ҳадафи тир ҳам намешуд.

пешина
аз 551
навбатӣ