Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳоло Анвар баъзан фикр мекунад, ки ин ҳама хобу хаёл буд; афсонаи дилнавоз буд. Вале ҳақиқат дигар аст – рафту вай ба афсона дохил шавад ҳам, маҳз чун ҳақиқат мемонад.
Бо вуҷуди ятимӣ, пойлучӣ ва нимгуруснагӣ ба ҳар навъ бозиву сурудхониҳо гўё ширин мегузашт бачагии Анвар. Ва шояд ҳамин дунёи рангину ботароват буд, ки маҳрумияти ўро то ҳадде дар худ ҳал намуда, ба роҳи зиндагии пуразобаш нури умед мепошид.
Анвар тадриҷан чусту чолок, бақувват ва софдил... ба воя мерасид. Ва ҳар қадар ба воя расад, ҳамон қадар аз Таманно шарм медошт. Шабҳои дароз хаёли ўро ба оғўш гирифта, метапиду мефахрид. Аммо рўзонаҳо, тифоқо бинадаш, зуд даступо мехўрд ва аз мағзи ҷон мекўшид, ки то тавонад, ба чашми вай нанамояд.
Таманно ҳам гўё баногаҳ калон шуда буд: зебо, хушқаду қомат, батамкин...
Акнун дар кўчаҳои Нилу ба ҷои Анвару Таманно ва ҳамсолони онҳо писаракону духтаракони дигар бозӣ мекунанд.
Аз ташвиши дунё бехабар:

Зоғобу, зоғобу!
Дарахти себу олу! –

гўён мехоҳанд якеро ба чанг андозанд.
Бале, шоду беғаманд онҳо, аз ҳеҷ машғалаи олам хабар надоранд.
Доми зиндагӣ ҳоло дар пеш аст онҳоро!
...Борон ҳамчунон ба шиддат меборид. Аспҳо яқин хаста шуда буданд, вале шитоби саворони худро эҳсос карда, ба як оҳанг таноби раҳ мекашиданд. Ҷирани Анвар ҳам чусту чобук мерафт. Ба қадамҳои сабук соҳибашро дар хонаи зин гўё алла гуфта, ба хаёлоти талху ширини вай беихтиёр ҷўр мегардид.
– Дизак! – нидо кард Саид ба овози баланди шодиомез.
Анвар, ки дар қайди андеша ва сархам буд, аз ин нидои ногаҳон ҳушашро ғундошта, ба пеш нигарист. Воқиан ҳам аз миёни риштаҳои обӣ деҳаи Дизак ба назар мерасид. Кулбаҳои посхадевори то ёна сафкашида, дар сари ёна қалъачаи нимфатарот, болотар аз он арчазори ғулӣ, аз тарафи чап дарёчаи пуроби Кофрун, дуртар аз вай кўҳи баланди Манор, ки қуллаҳояш ҷо-ҷо барфпўш ва сарднафасанд...

пешина
аз 551
навбатӣ