Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин хақиқатро имрўз ҳам бояд дар назар дошта бошем. Набояд фаромўш кунем, ки эҳёи миллӣ чи дар назария, чи дар амалия ҳатман заминаи миллӣ дорад, аз дастовардҳои фарҳангию маънавӣ ва иҷтимоъиву сиёсии миллат, аз ғайрату ҳиммат ва ҷуръату ҷасорати вай мерўяд. Дар айни замон эҳёи миллӣ аз фарҳанг ва афкори иҷтимоъии халқҳои наздику дур, аз таҷрибаи таърихии гузаштаю имрўзаи онҳо сарчашма мегирад. Эҳёи миллӣ ҳодисаи бузурги таърихист ва ҳар ҳодисаи бузурги таърихӣ дар заминаи миллӣ маҳдуд набуда, маҳсули робитаҳои доманадори байналмилалист ва таъсири густурдаи байналмилалӣ дорад.
Таърихи давлати Сомониён аз ин хусус гувоҳӣ медиҳад ва ин аз навиштаҳои донишмандони гуногун маълум аст. Пас мо имрўз агар эҳёи миллӣ хоҳем, на танқо таърихи халқи худ, аз ҷумла сабақҳои давлати оли Сомон, назарияҳои гуногуни фалсафӣ ва иҷтимоъиву сиёсии гузаштагони худро бояд бидонем, балки таърихи халқҳои дигар ва андўхтаҳои фарҳангиву маънавии онҳоро низ биёмўзем, то ки ояндаи худро бо махсусиятҳои миллӣ ва бо назардошти равандҳои умумии ҷаҳон дар сатҳи дунёи имрўз бисозем.
Дар асри оли Сомон савияи маънавии ҷомеа хеле баланд рафта буд ва шояд давлати Сомониёнро аз бисёр ҷиҳатҳо давлати маънавибунёд метавон номид. Омўзаҳои Абунасри Форобӣ дар бораи давлат ва кишвардорӣ то андозае бо назардошти таҷрибаи оли Сомон ба вуҷуд омада, дар навбати худ барои муайян шудани хусусиятҳои ин давлат нақши муҳим дошт. «Мадинат-ул-фозила»-и Форобӣ чунин кишвари некӣ буд, ки бо ёрмандии ақлу хирад ва илму дониш дар натиҷаи муваффақ шудан ба дараҷаи баланди фарҳанги маънавӣ барпо мегардад ва дар замони Сомониён алҳақ чунин ҷомеае ба миён омад. Форобӣ ақида дошт, ки тафаккури мантиқӣ асоси маърифат буда, барои дарки гузаштаю оянда замина тайёр мекунад. Дар даврони Сомониён дар амал исбот шуд, ки ин пиндор айни ҳақиқат аст.

пешина
аз 351
навбатӣ