Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуллас ки тарҳрезии консипсиюни мактаби миллии тоҷикӣ ва инсонгароии ҷомеа зиёда зарур аст. Инро яке аз вазифаҳои асосии давлати навбунёди тоҷикон бояд донист. Барои иҷрои ин вазифа ба шитобкорӣ бояд роҳ дода нашавад, вале фаврият лозим аст. Онро ҳар чи зудтар ва бо ҷалби мутахассисону сармоядорони хориҷӣ шурўъ бояд кард.

Ба гумони банда ҳоло миллати тоҷик аз лиҳози вазъи таърихӣ дар остони аҳди Сомониён, тахминан дар қарни 8-и мелодӣ қарор ёфтааст. Пас аз ин агар аҳди Сомониён фаро расад, тоҷикон наҷот хоҳанд ёфт, эҳёи миллии тоҷикон фаро хоҳад расид. Он гоҳ тоҷикон боз муттаҳид хоҳанд буд, пораҳои парокандаи онҳо аз ҳар вилояту ноҳия, аз кишварҳои гуногун, аз болои сарҳадҳои сиёсии маснўъии ғайритаърихӣ ба ҳам дасти иттиҳод дароз карда, бо раҳнамоии маънавияти баланде сарнавишти худро ба дасти худ амалӣ хоҳанд кард. Ин раванди таърихӣ онҳоро ба як забони фасеҳи ягона, маънавияти умумии анъании имрўзӣ, иқтисоди иқтидорманд ва кишвардории демократии ҳуқуқбунёд соҳиб хоҳад намуд. Раҳоии тоҷикони Осиёи Миёна ҳамин хоҳад буд.
Лекин агар даврони Сомониён дар вақташ нарасад ва муддате дер монад, ҳайҳот, кор аз кор хоҳад гузашт: даврони Қарахониёну Ғазнавиён хоҳад расид. Он гоҳ дигар ҳифзи истиқлоли фарҳангии худ, ҳифзи ҳастии таърихии миллат ва душвориҳо дучор хоҳад омад.
Ин аст, ки ҳар чи карданист, бояд алъон шурўъ шавад ва зудтар самар диҳад.
Чунонки маълум аст, эҳёи миллӣ дар аҳди Сомониён ба фаъол шудани ёди таърихӣ, умри дубора ёфтани анъанаҳои бостонии маънавӣ, иҷтимоъиву сиёсӣ ва назариёту амалиёти қадимии кишвардорӣ асос ёфта буд. Дар аҳди Сомониён ҷараёнҳои нави замонӣ ва арзишҳои олии исломӣ бо дастовардҳои фарҳанги миллии бостонӣ созгор омада, таркиби наве ба ҳам овард ва ин ҳама равандҳои мураккаб заминаи шукуфти миллӣ гардид.

пешина
аз 351
навбатӣ