Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Худҷўйӣ ҷустани роҳе дар имрўзу фардост, худрасӣ қадаме ба сўи сарманзили мақсуд аст. Роҳи наҷоти мо аз худшиносиву худогоҳӣ шурўъ хоҳад шуд.
Чи роҳҳое ҳастанд, ки дар шароити имрўз моро ба сўи худшиносиву худогоҳӣ, ба суи наҷот бибаранд?
Шояд чанд роҳи пурпечутоб ва чанд шоҳроҳе ҳаст ва банда итминон дорам, ки яке аз онҳо инсонӣ (ҳуманитарӣ) кардани омўзишу парвариш аст. Чунонки Ҷопун пас аз шикасти соли 1945 дар душвортарин марҳилаи таърихаш дар таълиму тарбия инсониятгароӣ пеш гирифт, донишҳои инсониро асоси ҳама таҳсилот - таҳсили ибтидоӣ то олӣ қарор дод ва ин дар ҳақиқат сабаби наҷот ва тараққии беназири ў дар соҳаи илму фан ва технологияву саноат гардид, мо ҳам бояд анъанаҳову суннатҳои мактаби классикии худро аз тарзу равишҳои имрўзӣ умри дубора ато кунем ва инсонӣ кардани мактабу маорифро аз мақсадҳои асосӣ бидонем. Банда дар ин бора аз соли 1988 чанд мақола чоп кардаам ва ҳоло фақат ҳаминро таъкид кардан мехоҳам, ки инсонӣ шудани таълим, яъне дар мактаб бештар мавқеъ ишғол намудани забон, адабиёт, таърих, фалсафа, мантиқ, ахлоқ, равоншиносӣ, анвои санъат, зебоишиносӣ ва ғайра, аз ҷумла мавқеъе басазо ёфтани асосҳои дин ва таърихи он ҳаргиз боиси маҳдуд шудани омўзиши илмҳои табиъӣ ва дақиқ бояд нагардад. Дар омўзишу парвариш мавқеи асосиро соҳиб шудани донишҳои инсонӣ дар ҳастии ҳар шахс таҳкурсии маънавияту одамият ва ахлоқи некро устувор менамояд, шахсро аз кўдакӣ ба ҷаҳони мафҳумҳои олӣ, мақсаду идеалҳои баланди башарӣ раҳнамун гардида, камолоти шахсияти ўро қадам ба қадам наздик меорад. Бача аз кўдакистон ва мактаби ибтидоӣ пораҳои шеъри Рўдакӣ, достонҳои Фирдавсӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ ва ғайраро аз бар кунад, ин корро дар синфҳои болотар ва ҳунаристон идома диҳад, дар куҷо бошад – хоҳ дар ҳунаристон, хоҳ дар факултаи физика ё таълимгоҳи техника, ҳамеша инсоншиносӣ, шеъру шеърият ва эстстика бо ў бошад, он гоҳ бештар умед хоҳем дошт, ки дили мардум нармтар ва ба сўи одамият моилтар, хаёлоти инсонӣ рангинтар ва парвози он баландтар, эҷодкориву халлоқияти вай фаъолтар хоҳад буд.

пешина
аз 351
навбатӣ