Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Омўхтани таҷрибаи таърихии халқу кишвар ва ба назар гирифтани он зарур аст. Агар аз таҷрибаи миллати худ ва халқҳову замонҳо чашм пўшем, дар роҳи таърих кўр-кўрона қадам хоҳем зад.
Як шарти муҳимми наҷоти халқ эҳёи идеалҳои миллист.
Ормонҳои иҷтимоъӣ, ахлоқӣ, зебоишинохтӣ, меъёрҳои одобу услуб, ки аз ҷустуҷўҳои маънавии чандин аср ҳосил шуда, марому маслаки ҳамагониро ифода кардаанд, қобиланд, ки дар замони нав мазмуни имрўзӣ пайдо карда, раҳнамои миллат дар эҳёи маънавӣ бошанд. Ҳадафҳои миллиро танҳо вазъи ҳозираи иҷтимоъӣ ё иқтисодӣ ва ғайра муайян намекунад, балки аз ҳама бештар ормонҳои миллӣ, ки асрҳо боз парастиш мекардем, агар имрўз ба онҳо фақат чун осори таърихии гузаштаи дур нигоҳ накунем, балки машъали роҳ қарор бидиҳем, ва ба сифати идеалҳои умумию хусусии рўз бипазирем, қобиланд, ки ҳадафҳои миллии моро муайян кунанд. Яке аз ҳадафҳои миллӣ дар замони мо бозофаринии ахлоқи миллист, соҳиб шудан ба чунин хулқу одоб аст, ки решаҳои таърихӣ дошта, дар айни ҳол дархости дунёи имрўзаро посухгўй бошад. Меъёрҳои миллии ахлоқ аз тарзи хоси зиндагии миллат ҳосил гардида, фаҳмишу биниши ўро ифода мекунад ва барои ин ки зисту маишат осонтар сурат гирифта бештар мазмуни инсонӣ дошта бошад, кўмак менамояд. Ба ҷуз инҳо хулқи миллӣ заминае ҳосил мекунад, ки ҷаҳони берунаро ба нигоҳи хоси худ бинем, баҳо диҳем, муносибати худро ба он, яъне мавқеъи худро дар байни халқҳо дурусттар муайян созем.
Баргаштан ба асли худ барои он лозим аст, ки мо худ худ бошем, на шахсе дигар; ҳувияти фарҳангии худро худ бидонем ва ба дигарҳо бинамоем; худро бишиносем, арзиши худро пай бибарем ва бо ин бинишу дониш, бо донистани қадри худ, бо сари баланд дар зиндагӣ қадам гузорем, бо сари баланд ба дунёи беруна
нигарем ва муомила оғоз ниҳем.

пешина
аз 351
навбатӣ