Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Боз банда бояд бигўям: Не, маънавиёт пояи иқтисодиёт аст, иқтисодиёт бояд поя бар маънавиёт дошта бошад ва маънавиёт чигунагии онро муайян кунад. Ҳама моддиёт бояд аз маънавиёт нумўъ гирад. Он гоҳ мукаммал хоҳад буд.
Бўҳрони кунунӣ як бўҳрони ҳамагонии ҳамагир, бўҳрони маънавист. Онро танҳо дар сурати таъмини ҳамоҳангии омилҳои асосии рушд метавон бартараф кард. Рафтори яктарафа, бартарӣ додан ба иқтисод ё сиёсату идеология моро ба он хатоҳои фоҳиш, ки дар замони шўравӣ рух дода буданд, рў ба рў хоҳад овард. Ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва ғайра он гоҳ муваффақиятомез хоҳад буд, ки ҳар кадоме чун як ҷузъи вазифаи умумии миллӣ ва пешрафти фарҳангиву маънавии миллат пеш гузошта шавад.
Агар дар ҷомеа омили иқтисодӣ боло гирад, хавфи он аст, ки моддиёт дар зиндагӣ бартарӣ ёбад, молу чиз, пул, истеҳсолу истеъмол дар назари аҳли ҷомеа аҳамияти мутлақ пайдо намояд, пояи орзую ормонҳо ва идеалҳои иҷтимоъӣ бар моддиёт қарор гирад ва мардум надонанд, ки зиндагӣ кардан барои хўрдан нест, хўрдан барои зиндагӣ кардан аст.
Агар соҳати қудрати сиёсӣ дар ҷомеа боло гирад, давлат бештар на аз паи идораи ҷомеа, таъмини рушди миллат, мудофиаи кишвар, балки дар ғами пойдории худ ё ҳокимияти гурўҳеву табақае хоҳад буд ва силоҳи саркўбии мардум хоҳад ҷуст. Дар ин сурат аз мувозинати неруҳои асосии ҷомеа чизе нахоҳад монд. Ва ҳол он ки давлат гавҳари ом дорад, дар хидмати тамоми халқ аст, қувваи олиест, ки омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабиро ба ҳам созгор меорад, инкишофи мутаносиби онҳоро таъмин менамояд. мундариҷаи тамоюлҳои гуногуни иҷтимоъиро санҷида ва зиддияти байни онҳоро ба эътибор гирифта, ҳамоҳангии тараққӣ эҷод мекунад. Давлат на қудрати сиёсии як тоифаи мардум ва табақаю синфе, балки марказияти манфиатҳои тамоми ҷамъият,
ифодаи раъи миллат аст.

пешина
аз 351
навбатӣ