Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳоло ки Тоҷикистон бўҳрони сахте аз сар мегузаронад, ҳам ҳукуматдорон, ҳам мутахассисони соҳаҳои гуногун, ҳам аҳли матбуот ва радиову телевизион дар ҷустуҷўи роҳи халосӣ танҳо аз иқтисод сухан меронанд, танҳо аз паи чораҷўиҳои иқтисодианд.
Дар Русия, ки гирифтори бўҳрон аст, низ аҳвол ҳамин аст. Афкори ҷомеа, илм, сиёсат - ҳама дар ҷаҳду ҷадал фақат иқтисоду моддиётро дар назар доранд. Чи дар Русия ва чи дар Тоҷикистон ҳизбҳову созмонҳое ки ойинномаву барномаҳо ба чоп медиҳанд, бўҳрони имрўзро асосан бўҳрони иқтисодӣ мешуморанд ва дар масъалаҳои иқтисод андеша ронда, дар охир андак аз фарҳанг ҳам ёд мекунанд ва агар ҳимматро бисёр баланд бигиранд, чизе дар бораи илм ва мактабу маориф ҳам мегўянд. Чунонки Леонид Брежнев дар анҷумани ҳизб дар маърўзаи Кумитаи марказӣ пас аз баррасии масъалаҳои варзиш ба масъалаи адабиёту санъат гузашта буд.
Оре, ҳоло ҳама вазифаро иборат аз ин медонанд, ки «масьалаҳои иқтисодиро ҳал намудан лозим аст, сатҳи иҷтимоъии иқтисодиро баланд бурдан, аҳволи моддии мардумро беҳтар кардан зарур аст».2 Бешак ин вазифа имрўз аз муҳимтарин вазифаҳост. Бо вуҷуди ин мо чунин вазифагузориҳоро яксўнигарӣ медонем, ки аз фаҳмиши яктарафаи масъалаҳои инкишофи ҷомеа, ба хусус ҷомеаи тоҷикон сар задааст. Мегўянд: иқтисод раҳнамои мост. Камина мегўям: Не, азизон, маънавият раҳнамои мост! Боз ҳоло машҳур аст, ки мегўянд: иқтисодиёт - пояи маънавият аст.

пешина
аз 351
навбатӣ