Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бисёре аз уламои бузург ақида доранд, ки нажоди ориёӣ дар он сарзамин, дар доманаи кўҳҳои Ҳиндукуш дар канори рўди Ҷайхун ва Сайҳун нахустин рўзҳои зиндагии хешро гузаронидаанд. Китоби осмонии Эрони қадим, яъне Авасто кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он хулди замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он ҷо парвариш ёфтанд ва ба қаринае метавон ёфт, ки мурод ҳамон арзи мавъуди эрониён ва ҳамин хиттаи дилкаши савоҳили Ҷайҳун ва Сайҳун аст. Уламои таърих ақида доранд, ки мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрўз ба манзалаи хонаи дувуми мост».1 Оҳ, оҳ, агар мо ҳама ин нуктаҳои барҷастаро, балки бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори забони форсии дарӣ - забони аҳли биҳишт, забони париён, забони зиндасоз ва зинданигоҳдори Аҷам, забони пирўз бар ғосибони араб, наҷибзодагоне мисли Низомӣ, забони рўҳияи Алломаи Иқбол мо, ба истилоҳ эрониёни шарқӣ будаем, яъне Бухорову Самарқанду Балху Хуросон маҳди зоишу болишу густариши ин забон будаанд, имрўз онро ба чунин хорӣ, забунӣ, паршикастагӣ, бемоягӣ ва бебизоатӣ намекашондем ё дасти кам то метавонистем, намегузоштем, ки соҳибони ғамхору дилсўзе аз Маскав ё дигар ҷойҳо ё аз миёни қаламшикастагону забонгумкардагони худбехабару худобехабари манфиатҷўи паллабини бумӣ пайдо кунад ва онро ба се шоха - форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ аз ҳам ҷудо кунанд, ба он боз шоху шохчаҳое бибанданд ва ҳар кадомро ҷудо биёмўзанд ва гоҳ-гоҳ миёни онҳо монандиҳое кашф кунанд...
Албатта ин ҳар ранг карданҳои аҷониб маълум аст, ғараз аз се шоха сохтани як дарёи зулоли забони форсӣ се пора кардани Хуросони бузург будааст.

1 Саиди Нафисӣ. Сарзамини поки ниёконам. Аз китоби «Тоҷикон дар масири таърих». Гирдоварӣ ва таҳқиқи Мирзо Шакурзода. Интишороти байналмилалии «Алҳудо». - Теҳрон.

пешина
аз 351
навбатӣ