Хуросон аст ин ҷо

Душманон хок бар ин кор ҳамеандозанд
1 Варна ман поктарам, поктар аз оби зулол.
Оҳ, оҳ, агар мо ҳама медонистем, ки хоки аҷдоди мо - варорўдиён ва эрониёни имрўз аз як салсол аст, ба ҳарфи онҳое, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистонро гоҳо мамолики ҳамҷавор мегўянд, бовар намекардем ва мегуфтем, ки эй кўрони таърих, на!
Моро ҳамҷавор гуфтан кам аст, мо ҳамтаборем, ҳамканорем, дар замин ҳамгоҳвораем, дар осмон ҳамситораем! Мо ҳамон Авасто, ҳамон Зардушт, ҳамон Эронвич, ҳамон давлати Қуръон, ки Ҳофиз ҳар чи кард, аз он кард, ҳамон фарҳанги исломӣ, ҳамон «Маснавӣ»-и Мавлавӣ, ки Қуръони паҳлавист, ҳамон Хуросони бузург ё Эрони бузург, ки бузургиямонро «бузургони» дигар чашми дидан надоштанд ва моро «хурд» карданд. Боре ба кўрону карони таърих бояд бо садои баланд гуфт, ки «об агар сад пора гардад, боз бо ҳам ошност»!
Оҳ, оҳ, агар мо ин ҳамаро медонистем, ба қадри ҷонсўзиву ҷонканиҳои Аҳмади Дониш мерасидем, ба қадри қаҳрамониҳои беҳамоли Аллома2 Садриддини Айнӣ мерасидем, ки тоҷиконро «як қавми бузург» мехонад ва бузургии ононро бо пажўҳишҳои илмӣ ва бадеътарин офаринишҳои манзуму мансури худ собит мекунад ва мо баъди ў то имрўз ба бузургии ин халқ бузургии тозае наафзудаем, устод Муҳаммадҷони Шакурӣ мардонавор ва фарзонавор ҳиммат гумошта, ба иншои китоби ҳозир, ки дар даст доред, намепардохт, аммо чун миллати мо дар тўли зиёда аз се ҳазор сол аз асотири Эрони бостон, Авасто. Қуръон, ҳама насиҳатномаҳо, ҷангномаҳо, осори манзуму мансур ва кутуби илмиву таърихӣ сабақҳои кофию шофӣ кам гирифт ё фаромўш кард, ё корбаст накард ва пештозияш гоҳо ақибтозӣ буд, устод Шакурӣ дар ин халоъ зарурати иншои чунин китоберо эҳсос кард.
1 Байт аз Анварист.
2 Бори нахуст устод Саиди Нафисӣ дар мақолаи «Сарзамини поки ниёконам» устод Айниро «Аллома Садриддини Айнӣ» хондааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё