Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Африқо ва Сурия ва Ироқ, ҷузви қаламрави забон ва тамаддуни араб ба шумор меравад»;1 Агар мо ҳама медонистем, ки Ҳаким Низомии Ганҷавӣ дар достони «Лайлию Маҷнун»:

Туркӣ-сифатӣ вафои мо нест,
Туркона сухан сазои мо нест,
Он, к-аз насаби баланд зояд,
Ўро сухани баланд бояд!

мегўяд ва манзури ў аз насаби баланд насаби эронӣ ва сухани
баланд сухани ноби форсии дарӣ будааст;
Агар мо медонистем, ки чун яке аз донишмандони
муосираш ба Алломаи Иқбол мегўяд: ашъори Шумо барои мо
зиндагибахш ва озодибахш аст, шумо роҳнамои мо ҳастед, мо
форсӣ намедонем, шумо ба урду шеър бигўед: Иқбол ба забони
инглисӣ чунин посух медиҳад: «Ин ашъор ба ман ба забони
форсӣ илҳом мешавад, забони рўҳияи ман форсӣ аст»;2
Агар мо ҳама медонистем, ки Маликушшуаро Баҳор
мегўяд: «Чун баъд аз ислом мардуми Бухоро ва Самарқанд
китобҳои назм ва насрро ба забони дарӣ навиштаанд ва шуарои
Хуросон ҳам бад-он забон шеър гуфтаанд ва ин забон ба тадриҷ
ба соири Эрон сироят кардааст, метавонем... муқин3 шавем, ки
забони дарӣ ҳамон забони мардуми Балху Бухорост ва дар
воқеъ забони суғдӣ ва аҳолии Балху Бухоро ва Хуросон ва
забони Монӣ ҳама якест ва асли он забони дарист.4
Агар мо медонистем, ки яке аз донишмандони бузурги
Эрон зиндаёд Саиди Нафисӣ мегўяд «Дар шимолу шарқи

1 Ҷовидӣ Ҳиравӣ. Ҳамон кттоб.
2 Дуктур Саид Муҳаммади Акрам-Акрамшоҳ. Маҷаллаи «Ошно», шумораи 23, соли чаҳорум.
3 Муқин - яқин ҳосил кардан.
4 Муҳаммадтақии Баҳор. Сабкшнносӣ. Пешгуфтор.
Эрони имрўз сарзамини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем.

пешина
аз 351
навбатӣ