Хуросон аст ин ҷо

Меҳрпарастӣ ончунон нуфуз пайдо кард, ки то кишварҳои Ғарб густариш ётфа, дар назарияи навафлотуния ва шаръи масеҳият таъсир гузошта, дар асотири Юнони Қадим Аполлон ба меҳр айният пайдо намуд. Парастиши Меҳр то Болқон, Итолиё, Фаронса ва ғайра паҳн шуда, чанд гоҳ бо масеҳият рақобат кард.
Дуним ҳазор сол пеш аз ин, балки пештар аз он, пештар аз таъсиси давлати Ҳахоманишиён (садаи 6-и қабл аз мелод) дар Хуросон оини Зардушт ва нахустин қисмҳои Авасто ба вуҷуд омада, ба тамоми Эрон паҳн шуд. Маҳз дар шарқи Эрон, дар Хуросону Осиёи Миёна ташаккул ёфтани ойини зардуштӣ ва китоби муқаддаси Авасто, ки рангомезиҳои ҷаҳонфаҳмии худвежаи аҷдоди моро нишон медиҳад, гувоҳи он аст, ки фикри ҷўяндаи мардуми ин сарзамин аз аввал хеле баланд парвоз карда буд. Авасто якумин китоб дар таърихи эрониён аст, китоби бузургест, ки дар тамаддуни аҳли башар мақоми олӣ дорад ва он ҳам нахуст маҳсули бозҷустҳои маънавии аҷдоди тоҷикони кунунӣ будааст. Инро имрўз мояи ифтихор метавон донист. Алҳақ, мояи ифтихор аст, ки аҷдоди зардуштии мо шаҳпояи ахлоқи ҳар фардро бар «пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» гузоштаанд ва зарур донистаанд, ки бунёди зиндагӣ бар некиҳо бошад.
Чун аз пайдоиши оини Зардушт ва Авасто, аз оғозгоҳҳои ҳаёти маънавии мардуми эронинажод сухан сар шуд, ба як ақидаи таърихшиносону файласуфони асри мо диққат ҷалб кардан зарур аст.
Чандест, ки донишмандони Ғарб оғозгоҳҳои фарҳанги маънавии ҷаҳони кунуниро меҷўянд. Назариёти гуногуне дар ин бобат баён гардидааст. Имрўз ҳам назарияҳое пайдо шудаанд, ки хеле ҷолибанд.
Дар нимаи садаи нуздаҳ донишманди олмонӣ Эрнст фон Лазо, ки ба масъалаҳои фалсафаи таърих майл доштааст, гуфта будааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё