Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хуросонро ба ин тарз муайян кардааст: «Хуросон чаҳор ҷузъ аст.
Чузъи нахустин Эроншаҳр аст ва он Нишобур аст ва Қаҳистон ва Хирот ва Бўшанҷ ва Бодғис ва Тўс, ки номи он Тобирон аст. Ҷузъи дуввум Марви Шоҳҷон аст ва Сарахсу Нисову Боварду Марвруду Толиқон ва Хоразм ва Заму Омул ва ин ду бар соҳили наҳри Баланҷанд. Ва Бухоро - ҷузъи саввум, ки дар тарафи бохтарии наҳр аст ва то наҳр ҳашт фарсанг фосила дорад, Форёб асту Ҷузҷон ва Тахористони улё ва он Толиқон аст, ва Хатл ва он Вахш аст ва Қубодиёну Хусту Андароба ва Бомиёну Бағлону Волиҷ.., ва рустои Бунк ва Бадахшон ва ин вурудгоҳи мардум аст ба Таббат - ва Андароба роҳи вуруди мардумон аст ба Кобул, ва Тармад ва он дар ховари Балх аст ва Чағониён ва Зам ва Тахористони сифлӣ ва Хилму Саманҷон. Ҷузъи чаҳорум Мовароуннаҳр аст ва Чочу Тарорбанд ва Суғд ва он Кеш асту Насаф ва Рўбистону Усруранаву Сином - деҳкадаи Муқаннаъ - ва Фарғонаву Шаму Самарқанду Аборкату Банокату Тарк». Дигар донишмандон низ ҳайъати Хуросонро ба ҳамин тарз муайян кардаанд.
Хуросон фазилат бисёр дорад ва яке он аст, ки мардуми ин кишвар аз нахуст ба маънавиёт, ба шинохти худ, ба дарки моҳияти оламу одам, ба фаҳми маънои зиндагӣ, неку бад, ҳаёту мамот ва ғайра майли тамом доштаанд, фикрашон дар андешапарварӣ ба ҷамъбасту таъмими фалсафӣ мерафтааст. Аз ин ҷост ки хеле барвақт таълимоту назариёти умумии фарогирандаи масъалаҳои инсону ҷомеа пайдо гардид Дар натиҷаи он ки мардум дар сари масьалаҳои асрори ҳастӣ хеле барвақт андеша оғоз карда, марому маслаки муайяне меҷустанд, баъзе динҳои бостонӣ аз ҳамин сарзамин пайдо шуданд.
Яке аз ин динҳо оини митроӣ - митроизм ё меҳрпарастӣ буд, ки дар ҳазораи 3-2 пеш аз мелод пайдо шуда дар ҳудуди Ҳинду Эрон ривоҷ ёфт. Митро - Меҳр (хуршед, офтоб) худои аҳду паймон, муҳаббату дўстӣ, шафақ ва рўшноӣ буда, ҷашни Меҳргон аз зодрўзи
вай гирифта шудааст.

пешина
аз 351
навбатӣ