Хуросон аст ин ҷо

«Ҳаргиз тасодуф наметавонад буд, ки 600 сол пештар аз мелод Зардушт дар Эрон, Гавтама Буддо дар Ҳинд, Конфутсий дар Чин, пайғамбароне дар байни яҳудиён, шоҳ Нумо дар Рум, нахустин файласуфони юмонӣ, дорӣ, элеай дар Эллада қариб ҳамзамон чун ислоҳгарони дини халқӣ ба майдон омаданд».
Баъзе донишмандони дигар ҳам ба ин рўйдоди аҷиби асроромез, ки қариб дар як вақт ин қадар бузургон дар кишварҳои гуногун пайдо шуда буданд, ишора кардаанд, вале кушодани гиреҳи ин сирри таърих ва маънидоди он муяссар нашуда буд. Ниҳоят дар нимаи садаи бист донишманди олмонӣ Карл Ясперс, ки дар фалсафаи таърих ёфтаҳои арзишманди моҳияткушо дорад, аҳамияти таърихии рўйдодҳои 600-700 соли пеш аз мелоди Масеҳро ошкор сохт.
Карл Ясперс назарияе пеш гузошт, ки давраи миёни солҳои 800 то 200-и пеш аз мелод «замон меҳвар» - «меҳвари таърихи ҷаҳон» аст, зеро дар ин давра аз Чин то Юнону Рум бузургтарин тамаддунҳои ҷаҳон пайдо шуданд ва агарчи ин тамаддунҳо аз ҳам фарқ доранд ва зоҳиран бидуни алоқамандии якдигар ба вуҷуд омадаанд, моҳиятан рўйдоди ягонаанд, ҳама як ҳодисаанд.
Аксари таърихшиносон таърихи аҳли башарро аз шаш ҳазор соли пеш, яъне аз ҳазораи чоруми пеш аз мелод, аз он вақт ки нахустин давлатҳои бузурги ҷаҳон - давлатҳои Мисри Қадим ва Байнаннаҳрайн таъсис ёфтанд, оғоз мекунанд. Чунончи академик Н. И. Конрад таъсиси ин давлатҳо, яъне «ба сари таъсиси шаклҳои ҳаёти ҷамъиятӣ омадани одамизод»-ро оғози таърих донистааст. Аммо К. Ясперс ақида дорад, ки пайдоиши тамаддунҳои мазкури Чин, Ҳинд, Эрон, Фаластин ва Юнону Румро оғози таърихи инсоният бояд ба шумор овард. Вай таърихро на аз пайдоиши давлатҳо, балки аз оғози ҳаёти маънавии башарият ба ҳисоб овардан мехоҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё