Хуросон аст ин ҷо

Роҳи миллат низ ҳамин аст. Миллат низ бо истиқлол, озодӣ ва соҳибихтиёрӣ, бо кўшоӣ ва ҷўёии милливу фарҳангӣ метавонад дар худсозии иҷтимоъиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ комёб ояд.
Таҷрибаи иҷтимоъии даврони шўравӣ ҳар лаҳза моро огоҳӣ медиҳад, ки дигар халқеро бояд бародари калонӣ нахонем ва орзуи ҳамранг шудан бо дигар халқе накунем. Бисёр кўшиш ба кор рафт, ки халқҳои шўравӣ дар фарҳанг, адабиёту санъат, урфу одат ва расму таомул ба ҳам наздик ва монанд бошанд, то ки як халқ - халқи шўравӣ ба миён ояд. Ҳамаи ин кўшишҳо бар зарари ин халқҳо рафт, зеро онҳоро аз хусусиятҳои худ маҳрум кардан гирифт. Асли мақсад аз он кўшишҳо ин буд, ки мо ҳама ба «бародари бузург» монанд шавем, бо ў ҳамраъю ҳамхў бошем, бидуни фикру андеша аз паси ў биравем.
Пайовардҳои харобкори таҷрибаи шўравиро набояд фаромўш кунем.
Зотан тақлид хилофи омўзиш ва монеъи он аст. Он ҷо ки тақлид қувват гирифт, аз сабақомўзии эҷодкорона чизе боқӣ намемонад. Тақлид такрори маҳз аст, амали механикист, аммо рушди фарҳангиву маънавӣ дараҷаи олии офаринандагӣ буда, нусхабардории оҷизонаро қатъиян дур меандозад. Робиндронат Такур гуфта буд: «Фарҳанги асил аз ҳама гўшаву канори дунё манбаъи илҳом пайдо мекунад, вале дар заминаи зодгоҳаш нумў менамояд ва такя ба тўдаҳои мардум дорад. Санъату адабиёт агар ҳамеша дар фикри намунаҳои аҷнабӣ бошад, берўҳу беҷон хоҳад монд».
Ин аст, ки дар эҷодкорӣ аз ҳар халқу кишвар ҳар он чӣ ҷолиби диққат аст, метавон омўхт ва метавон гирифт, вале ин ҳама омўхтаҳову гирифтаҳо он гоҳ судманд хоҳанд буд, ки ба табиати фарҳанги миллӣ созгор омада бошанд ва фарҳанги миллӣ дар заминаи хоси худ аз решаҳои амиқрафтаи таърихӣ ғизо гирифта нашъу намо ёбад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо