Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Барои халқҳое, ки таърихи бостонӣ ва андўхтаҳои фарҳангӣ зиёд доранд, гўё ҳар сари чанд гоҳ як таҷаддуди маънавӣ лозим меояд, ки аз бозгашт ба асли худ оғоз ёфта, бо пайдо кардани чеҳраи нави замонӣ анҷом меёбад. Ба хусус онҳоеро, ки Карл Ясперс «халқҳои меҳвари ҷаҳон» номида буд, гоҳ-гоҳе аз таҷдиди маънавӣ, аз созгорӣ ёфтан бо замони навин гузир нест. Ҳоло барои мардуми тоҷик чунин марҳилае расидааст, ки тибқи вежагиҳои раҳпаймоии таърихии чанд аср, мувофиқи тўшаи даст роҳи нав интихоб намоянд. Дар ин интихобкорӣ бегумон аз ёрону дўстони ҳамдасту ҳампой бисёр меҳрбонӣ ва раҳнамоӣ хоҳанд дид. Ин ёрмандиву ғамхориро бо сипосгузории тамом бояд пазируфт, аммо асосан ба қувваи худ, ба аслияти маънавии хеш такя бояд кард.
Тоҷиконро эҳёи миллӣ дар пеш аст. Эҳёи миллӣ комилан руйдоди маънавист ва ҳатман решаҳои амиқрафтаи таърихӣ дорад.
Ва як шарти асосии он ваҳдату ягонагист. Бояд тавораҳои ҷудоиро аз миён бардорем, ба ҳам оем, даст ба ҳам бидиҳем. Бояд қадри якдигар бидонем, ба қадри андўхтаҳои фарҳангии худ, ба қадри арзишҳои маънавии чандин аср бирасем. Он гоҳ муяссар хоҳад шуд, ки ҳастии таърихии худро умри дубора бубахшем.
Медонем, ки эҳёи миллӣ инчунин болоравии иқтисодӣ, моддиву техникӣ ва умуман иҷтимоъӣ хоҳад буд. Вале эҳёи миллӣ аз ҳама пештар рушду камоли маънавист, камолотест, ки бо ҳамраъиву ҳамдастӣ ва ягонагӣ сари мақсуди олӣ роҳ меандозад.
Пас агар зудтар фаро расидани чунин камолоти инсониро хоҳем, бештар аз ҳама дар ҳаққӣ фарҳанги маънавӣ ғамхорӣ бояд кунем.

Қуввати дили тоҷикон аз неруи бузурги маънавияти онҳо буд.
Тавоноии маънавии тоҷикон чунон аст, ки минбаъд ҳам бақои умри онҳоро таъмин хоҳад кард. Ҳама имконотро ба кор бояд гирифт, то садаи бисту якум даврони паси сар шудани ҷудоиву парокандагӣ ва фаро расидани ягонагиву яклухтӣ, даврони эҳёи миллии тоҷикон бошад.
Иншооллоҳ.

пешина
аз 351