Зеҳн
Хуросон аст ин ҷо

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 351 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Инак, нуқтаи охирини саодати дунявия ҳамин аст, ки саодати умумист»1.
Ин аст, ки тақлиду пайравиву мутеъӣ ва ҳирсу таассуб то расидан ба камолот дар шахсияти инсон пирузӣ хоҳад дошт.
Пирузии он аз номукаммалии шахс аст. Гоҳе аз пайравии маҳз ва тақлид гузир нест, вале агар кам-кам ба кўшиши офаринандагӣ тобеъ шуда, ҳирсу таассубро коҳиш диҳад, мумкин аст, ки роҳи камолотро набандад. Камоли фарҳангиву маънавӣ инсонро аз пайравии кўр-кўрона ва тақлиди маҳз, аз ҳирсу таассуб дур дошта, монеаҳои роҳи унсу бародариро аз байн мебардорад ва ҳамраъии созанда меофарад.
Мо дар садаи бист аз таърихи тоҷикони Осиёи Миёна ва дигар халқҳои шўравӣ ба ин ҳақиқат бовар ҳосил кардем, ки пайравию тақлиди маҳз таассуби якравӣ ба миён меорад, тафаккурро ба қолаб андохта аз ҳаракати озодона бозмедорад.
Тафаккури қолабӣ тобеъияти комил дорад ва нишонаҳои истиқлоли табъро ба куллӣ аз байн мебарад. Аз ин ру имрўз зарурати халосӣ ҷустан аз қолабҳои пўсида ва тобеъияти фикру ирода ба душворӣ дарк мешавад.
Чорчўби танги тобеъияти фикру ирода он қадар фишор дорад, ки монанди фишори пўсткаши сари манқурт, ки дар романи Чингиз Айтматов «Рўзе, ки дарозтар аз як қарн аст» тасвир ёфта буд, қобил аст шахсро аз ёди таърихии фарҳангӣ маҳрум созад, ҳама ҳастии маънавии ўро ба нобудӣ расонад.
Фақат он гоҳ ки шахс худро аз чорчўби сахтфишори тобеъияти андешаву ирода ба навъе берун кашид ва ба ихтиёри худ рафтор карда, ба ибратомўзӣ аз дигарон, вале ба истиқлоли табъ амал кардан омўхт, аз худсозии ахлоқиву маънавӣ умед пайдо мешавад.

1 Фитрат. Раҳбари наҷот. «Садои Шарқ», 1992, № 9, саҳ. 50. Ин ҷо матни асар серғалат чоп шудааст, ки ислоҳ гардид.

пешина
аз 351
навбатӣ