Хуросон аст ин ҷо

Қонуни ҳамзистии халқҳову фарҳангҳо ҳамин аст, ки ҳамеша дар доду гирифт ҳастанд. Халқҳо ҳама устод ва шогирди якдигаранд, ки аз ҳам чизе ёд мегиранд ва ба ҳам чизе меомўзанд. Ва бешубҳа баъзе аз ин омўзишҳо ранги пайравии маҳз ва тақлидро мегирад. Лекин агар омўзиш танҳо аз пайравии маҳз ва тақлид иборат мебуд, ҷаҳон ба пешрафту тараққӣ чандон ноил намеомад. Ҳар додуситади фарҳангӣ кам ё беш ҷанбаи офаринандагӣ дошта, ҳамбаста бо дигаргунии шаклу мундариҷа аст ва ҳатман такомул ё ин ки костагиву рангпаридагиҳое хоҳад дошт.
Албатта дар ҳар ҷомеа пайравони нофаъол ҳастанд, ки фақат қобили тақлид ҳастанду бас. Халқҳое ҳам ҳастанд, ки фарҳангашон бештар фарҳанги омадаест, яъне аз як ё чанд халқи дигар гирифтаанд, вале дар ҳамин сурат низ онро иқтибоси айнӣ набояд донист, ҳатман онро мувофиқи ҳоли худ гирифтаанд, рангҳое ба он афзудаанд ва ё ки чизе аз рангҳои он кам кардаанд. Ҷанбаи офаринандагӣ ҳар чи бештар аст, барои пешрафти ҳамагонӣ роҳ ҳамвортар хоҳад буд. Илму ҳунарро шогирдоне тараққӣ медиҳанд, ки неруи офаринандагӣ доранд ва аз устоди худ пеш мераванд.
Абдуррауфи Фитрат дар масъалаи тақлид назарияи ҷолибе дорад. Вай тақлид ва гардан фуроварданро боиси афзоиши зиддияту душманӣ донистааст, ки хоҳиши рўзафзуни истифода аз он чи дигарон доранд, дўстиро аз байн мебарад. Фитрат дар рисолаи «Раҳбари наҷот» (1915) гуфтааст: «Банӣ-башар то забуни ҳирс ва асири тақлиданд, муҳол аст, ки ухуввати (бародарии) умумияро дар миёни худҳо тавонанд таъсис намоянд. Аммо вақте ки ноили камоли ҳақиқӣ гаштанд, ҳақро аз ботил, нафъро аз зарар фарқ карданд, хештанро аз тасаллути ҳирс ва асорати тақлиду таассуб халосӣ бахшиданд, он вақт ухуввати умумияро мумкин аст, ки дар миёни худҳо бар по намоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо